САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ТАҶЛИЛИ ДАҲСОЛАГИИ ШАҲРИ ОСТОНА

Июль 7, 2008 14:20

Вохӯрии сарони давлатҳо дар қасри Акордаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона баргузор гашт. Дар он сарони давлатҳои Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Қирғизистон, Шоҳигарии Урдун ва дигар меҳмонони олимақом иштирок намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро бо зодрӯз ва солгарди 10-уми бунёди шаҳри Остона самимона табрику таҳният гуфт. Дар вохӯрӣ байни сарони давлатҳо оид ба масоили ҳалталаб дар роҳи таҳкиму густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодию фарҳангӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир дар қаламрави беканори Авруосиё гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ҳошияи ин чорабинӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили ҳалталаби ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мубодилаи афкор намуд. Сӯҳбатҳои ҷолибу пурмӯҳтаво оид ба дурнамои муносибатҳои умедбахши Тоҷикистону Россия байни сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои номбурда дар яке аз гӯшаҳои таърихии шаҳри Остона ба хотири таҳкими дӯстию рафоқат ва густариши робитаҳои башардӯстӣ байни намояндагони миллату халқиятҳои гуногун яктогӣ навниҳол шинонданд. Бегоҳии рӯз сарони давлатҳо дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 10-уми бунёдёбии шаҳри Остона ва галаконсерти ҳунармандони шинохтаи Қазоқистону Россия иштирок намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ маҷмӯъи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд. Мусоҳибон аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар ва мубодилаи молу маҳсулот, ки ҳаҷми он дар соли гузашта аз 500 миллион доллари амрикоӣ гузашта буд, изҳори қаноатмандӣ карданд ва ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳу сифати робитаҳо ҷавобгӯйи имкону захираҳои мавчуда нестанд. Тавачҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили густариши робитаҳои фарҳангӣ зоҳир гардид. Абдулло Гул Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар Форуми ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли оянда дар Туркия баргузор мегардад, иштирок намояд. Даъват бо назардошти он, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба об аст, бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Бо ҳамин барномаи сафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид. Нимаи дуюми рӯзи 6 июл Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан омад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Июль 7, 2008 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст