Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва сиёсати минтақавӣ: стратегияҳои мутобиқшавӣ ва тақвияти устуворӣ дар Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ба конференсия олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи Тоҷикистон даъват шудаанд.
Иштирокдорон масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва сиёсати минтақавӣ, стратегияҳои мутобиқшавӣ ва тақвияти устуворӣ дар Осиёи Марказӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва дигар мавзуъҳои соҳаро баррасӣ менамоянд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






