9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ соати 08:00 (собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 09:00 (собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) доир мегардад.
Дар Донишгоҳи миллӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии омор соати 11:00 доир мегардад.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб соати 08:00, ноҳияи Файзобод соати 09:00, дар шаҳри Турсунзода ва дар шаҳри Ваҳдат соати 10:00, дар ноҳияи Рӯдакӣ соати 11:00, дар ноҳияи Шаҳринав соати 14:00 нишастҳои матбуотӣ баргузор карда мешаванд.
Нишастҳои матбуотӣ дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ соати 08:00, дар филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соати 09:00 ва дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва соати 10:00 доир мегарданд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






