ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Август 28, 2008 13:57

28 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе мақоми баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашта, дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли ҷаҳон қарор гирифт, зеро рафти ин ҳамоиши бузург аз ҷониби тамоми воситаҳои ахбори умуми ҷаҳонӣ, ки беш аз 700 нафар намояндагонашон бевосита ба ин ҷо омаданд, инъикос мегардад. Шоми 27 август барои иштирок дар ҳамоиши дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистони азиз роҳбарони ҳамаи 6 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин –Ху Тсзинтао, Федератсияи Россия — Дмитрий Медведев, Ҷумҳурии Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Ҷумҳурии Қирғизистон – Қурмонбек Боқиев, Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ва Президенти давлати меҳмонпазири Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омаданд. Ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳайси роҳбари давлати нозири созмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба сифати меҳмон ва намояндагони воломақоми се давлати дигари нозири ин созмон- Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон ҳамроҳ шуданд. Дар воқеъ Душанбе шаҳри дӯстию рафоқат ҳусни ҳамсоягӣ ва таконбахши ҳамкориҳо будани худро бори дигар дар амал собит месозад. Ба муносибати ташрифи меҳмонони олимақом кӯчаю хиёбонҳои пойтахти хушбоду ҳавои кишвари азизамон бо лавҳаю шиорҳои шодбошӣ ва навиштаҷоти маълумотӣ ороиш ёфта, барои истиқболи онҳо оғӯши гарми худро боз кардааст. Шаҳри Душанбе ҳамчунин ҷойи баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо ва дигар шахсони расмии воломақом гашт. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бинои боҳашамати Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар долони ин қаср, ки бо завқи баланду сеҳрофари меъморону сохтмончиёни ватанию хориҷӣ бо истифода аз усулҳои оламшумули санъати меъмории ниёгони ориёии мо қомат афрохтаю ороиш ёфтааст, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати мизбон ва ё қабулкунандаи меҳмонони олимақом роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро як — як истиқбол гирифт. Нахуст ба маҳалли баргузории саммит мутобиқи алифбои забони русӣ, ки яке аз забонҳои кории Созмони ҳамкории Шанхай аст, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омад. Дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар долони Кохи Сомон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтаоро истиқбол гирифт. Сипас, дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ворид шуд. Чорум Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро истиқбол гирифт. Бо ташрифи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба ин ҷо ҷамъ омаданд ва дар толори «Тантанаҳо»-и Кохи Сомон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо дар ҳайати маҳдуд ба кори худ шурӯъ намуд. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро ба сарзамини файзбори Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо кори пурсамар ва будубоши форам таманно намуд. Ҷаласаи мазкур нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои васеи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён мегирад. Дар ҷаласаи васеи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки ҳайатҳои васеи онҳо ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳайси роҳбари давлати нозири созмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба сифати меҳмон ва намояндагони воломақоми се давлати дигари нозири ин созмон- Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Евразия низ ширкат мекунанд. Таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай ва мубодилаи афкор оид ба мушкилоти умдаи байналмилалӣ аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҳамоиши мазкур аст.

Август 28, 2008 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд