БА МУЛОҚОТИ ДУШАНБЕ БО «РӮҲИЯИ ШАНХАЙ»

Август 18, 2008 16:49

Дар пешорӯи ин мулоқот мехостем, дар робита ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ бо Шумо сӯҳбате дошта бошем. Пеш аз ҳама хуб мешуд, агар дар бораи иштирокчиёни мулоқот ва масъалаҳое, ки дар ҷараёни он баррасӣ хоҳанд шуд, изҳори назар мекардед. Вазир: — Дар нишасти 8-уми Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки қарор аст 28 августи соли равон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе баргузор гардад, роҳбарони давлатҳои аъзоиин Созмон — Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, президентҳои кишварҳои мушоҳид, яъне Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ба ҳайси меҳмон президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок хоҳанд кард. Бо назардошти ҳайати расмии ин кишварҳо, теъдоди хабарнигорону меҳмонони дигар шумораи умумии иштирокдорон беш аз панҷ ҳазор нафар хоҳад буд. Дар ин дидор сарони кишварҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунин оид ба кишвари раисикунандаи СҲШ дар давраи солҳои 2009-2010, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт. — Агар ғалат накунам, ҳамзамон бо нишасти мазкур боздидҳои расмии президентҳои чанд кишвар аз Тоҷикистон низ дар назар аст? — Бале. Дар арафаи мулоқот бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздиди давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзин-тао ва сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Анатолевич Медведев ба Тоҷикистон сурат мегиранд. Зимни вохӯриҳо дар сатҳи олӣ вазъи ҳозира, роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо баррасӣ гардида, санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид. Ҳамчунин мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар назар дошта шудааст. — Албатта, ташкил ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани чунин маъракаҳо заҳмати зиёд мехоҳад ва пӯшида нест, ки бори гарони масъулият бештар ба зиммаи вазорати корҳои хориҷии кишвар мебошад. Мехостем, бифаҳмем, ки ин бор омодагиҳо чӣ гуна ҷараён мегиранд ва оё барои пазироии сарони даҳ давлати дунё ҳамроҳ бо ҳайатҳои гуногун ва намояндагони бешумори расонаҳои гурӯҳӣ Тоҷикистон тайёр аст? — Афзоиши эътибори байналмилалии Тоҷикистон, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳо ва созмонҳои гуногуни минтақавиву ҷаҳонӣ пеш аз ҳама бо номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Сиёсати дурандешо-на ва хирадмандонаи Сарвари Давлат ҷиҳати пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардани он дар арсаи байналмилалӣ водор менамояд, ки барои дар амал татбиқ намудани он пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳамоиши сарони кишварҳо, ки доираи васеи ҳайати намояндагон онҳоро ҳамроҳӣ хоҳанд кард, масъулият ва саъю кӯшиши фарогирро тақозо дорад. Ҳарчанд зимни баргузории ин гуна чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ нақши вазорати корҳои хориҷии кишвар муассиртар аст, аммо инсофан бояд таъкид кард, ки бе ҳамоҳангӣ ва кӯмаку ҳамдастии вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ муваффақ будан имконнопазир аст. Омодагиҳо ба нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии шахсии худи Президенти кишвар идома доранд. Рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди объектҳои ҷудогона бахшида ба нишасти мазкур зери назорати Сарвари Давлат қарор доранд. Бо мақсади фароҳам сохтани шароити хуби корӣ ва буду бош дар Тоҷикистон аз тамоми тавону имкониятҳои мавҷуда кор гирифта мешавад. Дар ин росто, пеш аз ҳама ба таъмини амнияти масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳама чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, то фазои орому осоиштаи Тоҷикистон халал наёбад ва меҳмонон роҳат бошанд ва фаъолона дар чорабиниҳо ишти-рок намоянд. Ҳамчунин дар мавриди масъалаҳои дигари вобаста ба пешвозгирӣ, буду боши меҳмонон дар Душанбе ва гусели онҳо, ки дар чаҳорчӯби муқаррароти кори дипломатӣ сурат мегирад ва назокатҳои хоси худро дорад, кор гирифта мешавад. Барои симои идона касб кардани роҳу гузаргоҳҳо, хиёбону кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва бахусус, шаҳри Душанбе корҳо идома доранд. Гузашта аз ин, ба масъалаи инъикоси ҷараёни мулоқот тавассути воситаҳои ахбори умуми ватаниву хориҷӣ диққати махсус дода мешавад. Садҳо намояндагони расонаҳои хабарии кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Аллакай чандин ширкатҳои маъруфи дунё иштироки худро ҷиҳати инъикоси рафти кори мулоқоти Душанбе таъйид кардаанд. Таҳияи санадҳо барои баррасӣ ва имзои сарони давлатҳо аз самтҳои муҳимтарини кор ба шумор меравад. Омодагиҳои қаблӣ ва ҳамоҳангиҳои лозима дар ин замина ҳангоми нишасти ахири Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзоиСозмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе сурат гирифтанд. — Кори нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Душанбе чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — Дар нишасти мазкур, ки 25 июли соли ҷорӣ дар Душанбе доир шуд, вазъи омодагиҳо ба мулоқоти сарони кишварҳои аъзоиСозмони ҳамкории Шанхай ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ муҳокима гардиданд. Қарорҳои мушаххас дар бораи лоиҳаи санадҳои ба вохӯрии сарони кишварҳо пешниҳодшаванда ба имзо расиданд. Гуфтушунидҳо дар фазои ҳусни тафоҳум, самимӣ ва дӯстона гузаштанд. Ба назарам, ҷонибҳо ҳама муваффақ буданд. — Дар ҳошияи ин нишаст ҳини дидори вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Сарвари давлати мо пешниҳод шуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шавад. Оё ин пешниҳод аз тарафи кишварҳои дигари аъзои Созмон пазируфта хоҳад шуд? Андешаи Шумо. — Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди маводи мухаддир фаъолона кор гирифта, аз натиҷаву таҷрибаҳои хуб низ бархурдор аст, гумон мекунам, пешниҳоди Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси маркази минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе айни муддаост. Дар шароите, ки истеҳсоли ин «вабо» сол то сол афзуда, теъдоди одамони гирифтор ба ин банди бало дар гӯшаву канори дунё бештар мегардад ва паёмадҳои даҳшатбори он ба наслҳои имрӯзу фардо ҷиддан таҳдид менамояд, зарурати кору пайкори дастаҷамъона ва ҳамоҳангиҳои лозима миёни кишварҳо, созмонҳо ва умуман, ҷомеаи башарӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Дар ин масъала танҳо мусоидату кӯмаки байни ҳам ва нияту кӯшиши ҳамҷояи расидан ба ҳадафҳои пешгузошташуда метавонад, ки ҳосили мақсуд ба бор орад. Бо таваҷҷӯҳ ба алоқамандии кишварҳои минтақа ба тавсеаи мубориза дар ин замина аз як сӯ, таҷрибаву дастовардҳои чашмгири Тоҷикистон ва мавқеи ҷуғрофии он аз сӯи дигар, фикр мекунам пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳад шуд. — Дар нишасти матбуотӣ бахшида ба дидори вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия зимни посух ба як пурсиши хабарнигор, ки дар робита ба пазируфтани Эрон ба ҳайси аъзоикомилҳуқуқи ин Созмон садо дод, ба ин маънӣ таъкид дошт, ки мақоми Эрон ҳамчун нозир побарҷо хоҳад монд. Ҷаноби Вазир, бо назардошти сару садоҳои зиёд пайдо кардани ин масъала мехостем бифаҳмем, ки пазириши кишварҳои дигар ба Созмони ҳамкории Шанхай чӣ гуна хоҳад буд? Оё Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки хоҳиши ба ин Созмон пайвастанро дорад, то куҷо метавонад муваффақ бошад? — Созмони ҳамкории Шанхай созмони навбунёд буда, дар ҳоли рушд ёфтан аст. Ҳамкориҳои гуногуни самарабахш дар доираи ин созмон ва ҳамчунин бо созмонҳои мухталифи байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои алоҳида роҳандозӣ шуда, кишварҳои аъзо пайи татбиқи нақшаву барномаҳо ва ҳамзамон ҷӯёи роҳҳои нави тавсеаи ҳамкорӣ мебошанд. Албатта, масъалаҳое низ мавҷуданд, ки ҳалли онҳо саъю кӯшиш ва таҳаммулу бурдбориҳои бештарро тақозо дорад, ба ибораи дигар, метавон гуфт, вақт мехоҳад. Худ тасаввур кунед, то ба камолот расидан шахс марҳалаҳои гуногуни зиндагиро бояд аз сар гузаронад, дар шебу фарози рӯзгор обутоб ёбад. Бо масъалаҳои ғайричашмдошт дучор гардида, ҷӯёи роҳи ҳалли онҳо мегардад. Ва агар азми қавӣ дошта бошад, комёб мегардад. Ин Созмон монанди ҳамин гуна як навҷавон дар роҳи расидан ба мақсад ҳамвора пеш меравад, такомул меёбад ва симои хоси худро пайдо мекунад. Ахиран, дар шумори масъалаҳои гуногун баррасӣ ва мушаххас намудани механиз-ми пазириши аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шанхай низ аҳамияти хос пайдо кардааст. Эҳтимол, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши вазну эътибори СҲШ дар арсаи байналмилалӣ, ҳассос боқӣ мондани авзои дунё ва зарурати ҳалли масъалаҳои мубрам сафи кишварҳои моил ба пайвастан боло гирад. Аз ин рӯ, тасмими ниҳоӣ дар мавриди шеваи коргириҳо дар ин замина дар мулоқоти сарони давлатҳо гирифта хоҳад шуд. Дар иртибот ба пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин Созмон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу рӯшан аст. Ин кишвари дӯст дар имрӯзу фардои минтақа ва ҷаҳон мақоми сазовори худро дорад. Бешак, шомил шудани он боиси тақвияти Созмо-ни ҳамкории Шанхай хоҳад гардид. Аммо танҳо ҷонибдории Тоҷикистон ва ё чанд киш-вари аъзоиСозмон масъаларо наметавонад ба манфиати Эрон ҳал кунад. Барои узвияти ин кишвар ба СҲШ ҷонибдории ҳамаи кишварҳои аъзо лозим буда, ҳамчунин, тавре дар боло ишора шуд, меъёри ҷалбро бояд муайян кард. Яъне, пеш аз ҳама зарур аст, то дар доираи Созмон масъалаи марбут ба низоми қабули аъзои нав ба он ҳаллу фасл гардад. Дар ҳоли ҳозир, то рӯшан шудани ин масъала Эрон чун кишварҳои дигари нозир метавонад дар барномаву тарҳҳо ва нишасту ҳамоишҳои гуногуни СҲШ иштироки фаъолона дошта бошад. — Оё кишварҳо бидуни узвият ва мақоми мушоҳид дар СҲШ метавонанд бо ин Созмон ҳамкорӣ дошта бошанд? — Бале. Бино ба зарурат ва алоқамандиҳои худ ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад бо СҲШ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намояд. Барои ин ҳеҷ мамониате вуҷуд надорад. — Чун Тоҷикистон ба сулҳу субот ва эҳёи ҳаёти осоишта дар кишвари дӯсту ҳамсоя Афғонистон ҳамеша манфиатдор аст ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин мавзӯъ аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамоишу гуфтушунидҳои гуногунсатҳ пайваста масъалагузорӣ менамояд, мехостем бифаҳмем, ки дар доираи СҲШ дар ин замина чӣ барномаву нақшаҳо мавҷуданд? — Мутаассифона, авзои Афғонистон барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ҳанӯз ҳам ҳассос ва нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тавре аз хабару гузоришҳо дарак доред дар ин мамлакат даргириҳо, таркишу кушторҳо ҳамоно идома доранд. Гузашта аз ин, дар ин сарзамин кишти маводи мухаддир ва интиқоли он тавассути кишварҳои ҳамсоя ба кишварҳои дуру наздик рӯ ба афзоиш аст. Барои ба эътидол овардани вазъ ва эҷоди фазои орому созанда дар ин кишвари дӯст, ҳамчунин ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳое, ки аз қаламрави он бармеоянд, заҳмату кӯшишҳои пайваста ва фарогир заруранд. Бе ҳамдастӣ, бе ҳамоҳангӣ ва бидуни кору пайкори муштарак наметавон ба Афғонистон кӯмак кард. Ёриву хайрхоҳӣ ба кишвар ин кӯмак ба кишварҳои минтақа мебошад. Аз ин рӯ, дар доираи СҲШ ба ин қазия таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад. Кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамчунин дар доираи ин Созмон ва дигар созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ робитаҳои гуногунҷабҳаро бо Афғонистон ба роҳ мондаанд. Дар ин росто, Гурӯҳи Тамоси СҲШ, ки соли 2005 рӯи кор омада буд, бомуваффақият фаъолият менамояд. Гурӯҳи мазкур ҷиҳати мусоидат дар ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда ва таҳкими муносибатҳо саҳми босазо дорад. Тавре дар оғоз таъкид гардид, роҳбарияти ин кишвар ба ҳайси меҳмон ба ин ни-шасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе даъват шудааст. Ин нукта низ гувоҳи рӯшани аҳамияти ин кишвар барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари аъзоиСозмон мебошад. — Дар фарҷоми сӯҳбат шояд ба он рӯзноманигороне, ки ба таҳияи хабару гузоришҳо ва пахши барномаҳо оид ба мулоқоти мазкур сарукор мегиранд, гуфтание дошта бошед? — Нақши воситаҳои ахбори умум дар инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз — хоҳ сиёсати дохилӣ бошад, хоҳ сиёсати хориҷӣ ва ё масъалаҳои муҳими байналимилалӣ пайваста меафзояд. Мазмуну мундариҷаи маводи пешниҳодшуда вобаста ба сатҳи донишу малака, воқеъбинӣ, мавқеъгирӣ ва дурандешиву ватандӯстии рӯзноманигор дар зеҳни пазиранда ин ё он гуна таассуротро бо рангу тобишҳои ба худ хос ба вуҷуд меорад. Ростӣ, пешаи рӯзноманигорӣ, ки дар ҷомеа рисолати махсус дорад, заҳмати бисёр мехоҳад. Бовар дорам, хабарнигорони кишвар ҳангоми таҳияи мавод бахшида ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва ҳамчунин инъикоси мавридҳои дигар бо нияти хайру созанда ва дарки масъулият, бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ кор хоҳанд гирифт. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзоиСозмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи июли соли равон дар Душанбе сурат гирифт, аз ҷониби расонаҳои хабарии кишвар дар сатҳи баланд инъикос гардид. Ба ҳама хабарнигорон, наворбардорон ва умуман, дастандаркорони ин соҳа, ки бо маҳорати хуби касбӣ ва кордонӣ дар таҳия ва пахши хабару гузоришҳо саҳм гирифтанд, самимона изҳори сипос менамоям. Аз ин ба баъд ҳам муваффақ бошанд. — Умед аст, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва рӯҳияи хуши идона барпо гардад ва дар татбиқи амалии нақшаву барномаҳои СҲШ, коҳиши ташаннуҷ ва таҳдидҳои мавҷуда мусоидат намуда, ҳамзамон ба густариши беш аз пеши ҳамкориҳо миёни кишварҳо боис гардад. Барои сӯҳбати самимӣ ва пурмӯҳтаво изҳори сипос менамоям ва дар роҳи пиёдасозӣ ва пешбурди сиёсати берунии кишвар ба Шумо, ҷаноби Вазир, комёбиҳо орзу-мандам. — Ташаккур.

Август 18, 2008 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд