БАЁНИЯИ МУШТАРАК АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ

Август 29, 2008 11:22

28 августи соли 2008 дар Душанбе маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.А.Назарбоев, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.С. Боқиев, Президенти Федератсияи Русия Д.А. Медведев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.А.Каримов иштирок доштанд. Маҷлис таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон гузашт. Дар он Муншии умумии СҲШ Б.К.Нургалиев ва директори Кумитаи иҷроияи Созмони минтақавии зидди террористии СҲШ М.У. Субанов иштирок намуданд. Дар маҷлис ҳамчунин сарони ҳайатҳои давлатҳои мушоҳиди СҲШ – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон М.Аҳмадинажод, вазири захираҳои нафту гази Ҳиндустон М.Деора, вазири корҳои хориҷии Муғулистон С. Оюун, мушовири сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон иҷрокунандаи вазифаи вазири федералӣ М.А.Дуронӣ ва меҳмонони раиси маҷлис — Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. Карзай, намояндаи Муншии умумии СММ М.Енча, раиси Кумитаи иҷроия – Муншии иҷроияи ИДМ С.Н.Лебедев ва муовини Муншии умумии СААД Т.И.Бузубоев ҳузур доштанд. Сарони давлатҳо роҷеъ ба масъалаҳои байналхалқӣ ва вазъияти минтақа табодули назар намуданд. Онҳо мувофиқати комил ва қаробати мавқеъҳояшонро оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда баён доштанд, ки дар Эъломияи Душанбе инъикос ёфтааст. Намояндагони ваколатдори давлатдори аъзои СҲШ Созишномаро дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористии давлатҳои аъзои созмон, созишномаро дар бораи ҳамкории ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва маводи мунфаҷира имзо карданд. Ҳамчунин Меморандуми муносибатҳои асосии ҳамкории Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Евразия ба имзо расид. Дар ҷараёни маҷлис мувофиқи анъанаҳои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ натиҷаҳои фаъолияти созмон баъди мулоқоти Бишкек баррасӣ карда, нақшаҳои рушди он дар давраи то маҷлиси ояндаи Шӯрои сарони давлатҳо ва солҳои оянда муайян карда шуданд. Қайд карда шуд, ки вазифаҳои дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳо дар Бишкек ба миён гузошташуда ва паймонҳои ба даст омада бомуваффақият иҷро мешаванд. Иштирокчиёни маҷлис маърӯзаи Муншии умумии СҲШ – ро дар бораи фаъолияти созмон дар соли гузашта ва маърӯзаи Шӯрои Созмони минтақавии зиддитеррористиро дар бораи фаъолияти он дар соли 2007 шунида ва маъқул донистанд. Сарони давлатҳо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтаоро ба муносибати бомуваффақият анҷом додани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин табрик намуданд. Роҳбари давлати Чин ба давлатҳои аъзои СҲШ барои кӯмаки ҳамаҷонибаашон дар давраи тайёр кардану гузаронидани Бозиҳои олимпӣ изҳори сипос намуд. Вай ба ҳамкорӣ дар доираи созмон дар соҳаи таъмини амният дар рӯзҳои Олимпиада баҳои баланд дод. Сарони ҳайатҳо дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи чоруми ҳунари давлатҳои аъзои СҲШ ҳузур доштанд. Сарони давлатҳо аҳамияти калони Муоҳидаи моҳи августи соли 2007 дар Бишкек имзошудаи ҳусни ҳамҷавории дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои созмонро барои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира, мустаҳкамтар сохтани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва таъмини суботи вазъияти минтақа ва саросари ҷаҳон таъкид намуданд. Дар амал татбиқ кардани Муоҳида ба беҳтар сохтани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва густариши ҷараёни ҳамгироӣ дар қаламрави созмон мусоидат менамояд. Қайд карда шуд, ки дар соҳаи мубориза ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира сол то сол густариш ёфтани фаъолияти Созмони минтақавии зиддитеррористӣ ҳамчун воситаи самарабахши ҳамоҳанг сохтани мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои созмон ва таъминоти иттилоотию таҳлилии он нақши муҳим мебозад. Сарони давлатҳо ба ҷараёни амалӣ сохтани барномаи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ барои солҳои 2007-2009 баҳои мусбат доданд. Афзунтар сохтани имкониятҳои зиддитеррористии СҲШ ба гузаронидани машқҳои муштараки низомии давлатҳои аъзои созмон шароит муҳайё намуд. Чунин машқи низомӣ таҳти унвони «Мирная миссия – 2007» соли гузашта дар ҳудуди вилояти Челябински Федератсияи Русия гузаронида шуд. Чунин машқҳои муштарак дар оянда низ гузаронида мешаванд. Мамлакатҳои аъзои созмон ояндаи наздик имконияти гузаронидани мулоқоти нахустини вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар оғози соли 2009 баррасӣ хоҳанд кард. Дар маҷлис вобаста ба имкониятҳои истифодаи технологияи навтарини иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсадҳое, ки ба вазифаҳои таъмини вазъияти босуботи байналхалқӣ ва амният вобаста нестанд, изҳори ташвиш карда шуд. Дар робита фаъолияти самарабахши Гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои созмон дар масъалаи таъмини амнияти иттилоотии байналхалқӣ мувофиқи нақшаи амалиёти соли 2007 қабулшуда дар бобати таъмини амнияти байналхалқии иттилоотӣ таъкид гардид. Ҳамзамон бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи қонунии ҳамкорӣ дар ин соҳа ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки дар доираи созмон дар соҳаи таъмини амнияти байналхалқии иттилоотӣ созишномаи байниҳукуматӣ таҳия карда шавад. Дар ҷараёни амалӣ сохтани Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои созмон дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо диққати асосӣ ба ҳалли дастаҷамъии вазифаҳои ошкор сохтану бастани роҳҳои ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи нашъадор тавассути сарҳади давлатҳои аъзои созмон, инчунин ҳар чи зудтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин соҳа дода хоҳад шуд. Ба роҳбарони хадамоти зиддитеррористии давлатҳои аъзои созмон дастур дода шуд, ки барои муҳокимаи масъалаҳои муқаррар намудани роҳу усулҳои мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар қаламрави созмон, муқаррар намудани нақшаи стратегӣ ва таҳияи барномаи пешгирии қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ва ворид сохтани ашёи хоми истеҳсоли маводи нашъадор ба ин мамлакат нимаи аввали соли 2009 маҷлиси махсус гузаронанд. Дар маҷлис зарурати густариш додани фаъолияти Гурӯҳи тамоси СҲШ – Афғонистон таъкид гардид. Сарони давлатҳо ба тарафдори вусъати минбаъдаи равобити байналхалқии созмон ақида изҳор намуданд, Робита бо давлатҳои мушоҳиди СҲШ – Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар сатҳи сифатан нав бо назардошти дархосту мулоҳизаҳои онҳо ривоҷ дода мешавад. Сарони давлатҳо барои муҳайё сохтани имкониятҳои иловагӣ барои ҳамкории мутақобилан муфид бо мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқии манфиатдор низомномаро дар бораи мақоми мамлакатҳои ҳамкори СҲШ тасдиқ намуданд. Қарор дода шуд, ки барои баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба қабули мамлакатҳои нав ба узвияти созмон гурӯҳи махсуси коршиносон ташкил карда шавад. Сарони давлатҳо аз тамоили мусбати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла, муҳайё сохтани шароити мусоид барои равнақу ривоҷи тиҷорат ва сармоягузорӣ, вусъати рафту омади нақлиёт ва бештар сохтани имкониятҳои транзити мол ва технологияҳои муосири иттилоотию алоқа изҳори қаноатмандӣ намуданд. Онҳо ба зарурати бештар истифода бурдани имкониятҳои Шӯрои тиҷоратӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ бо мақсади беҳтар сохтани шароити сармоягузорӣ ва ҷалби сохторҳои тиҷоратӣ ба амалӣ сохтани барномаҳои калонҳаҷми муштараки иқтисодӣ дар қаламрави Созмон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар заминаи беҳтар сохтани муносибатҳои тиҷоратӣ дар доираи созмон аҳамияти хамкорӣ дар соҳаи гумрук таъкид карда шуд. Сарони давлатҳо вобаста ба оғози гуфтушуниди мамлакатҳои аъзои созмон дар масъалаҳои кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Онҳо аҳамияти ҳамкориро дар соҳаи гуманитарӣ ҳамчун омили асосии мустаҳкам кардан ва вусъат бахшидани заминаи иҷтимоии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои давлатҳои аъзои созмон махсус зикр намуданд. Қайд карда шуд, ки мамлакатҳои аъзои созмон ба вусъати равобити мақомоти қонунбарори ҳамдигар мароқи калон доранд. Сарони давлатҳо аҳамияти ба роҳ мондани ҳамкории мамлакатҳои созмонро дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда таъкид карданд, ки барои таъмини шароити рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии мамлакатҳои минтақа аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Иштирокчиёни маҷлис изҳор намуданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои маориф, илм , мубодилаи дастовардҳои фарҳангӣ ва ба мамлакатҳои ҳамдигар фиристодани ҷавонон барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми халқҳои давлатҳои манфиатдори аъзои созмон давом медиҳанд. Дар маҷлис тамоили мусбати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи экология таъкид карда, аҳамияти идомаи корҳо барои таҳияи барномаи ҳифзи табиат дар доираи СҲШ зикр карда шуд. Сарони давлатҳо аз ҳамкории самарабахши ташкилоту идораҳое, ки ба ҳалли масъалаҳои пешгирӣ ва бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табий машғуланд, изҳори қаноатманд, карданд. Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки суръати тайёрӣ ба таъсиси Маркази пешгӯӣ, пешгирӣ ва бартараф сохтани оқибати фалокатҳои вобаста ба фаъолияти инсон тезонида шавад. Сарони давлатҳо ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ баҳои баланд дода, ба ҷониби Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ дар ҷараёни мулоқот изҳори сипос намуданд. Тибқи қарори қабулшуда маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2009 дар шаҳри Екатеринбург баргузор мегардад. Мувофиқи Ҳуҷҷати хотимавии СҲШ раёсати созмон дар соли 2009 ба зиммаи Федератсияи Русия гузошта мешавад.

Август 29, 2008 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд