Д. МЕДВЕДОВ: — «МОДАРАМ ЧАНД СОЛИ ҲАЁТАШРО ДАР ДУШАНБЕ ГУЗАРОНИДААСТ»

Август 30, 2008 16:27

Ман  беҳад  сарфарозам, ки ба кишвари меҳмондӯсти Тоҷикистон, ки дорои фарҳангу таърихи қадима, халқи воқеан соҳибистеъдоду меҳнатқарин ва бисёр хайрхоҳ мебошад, сафар кардам. Ман бори аввал ба Душанбе омадам гарчанде, тавре ба Эмомалӣ Шарифович нақл кардам, хешу таборони ман дар давраҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба хотири дар он рӯзҳои мудҳиш зинда мондан  ба Душанбе омадаанд. Модари ман дар шаҳри Душанбе чанд сол зиндагӣ кардааст, барои ҳамин дар ин макони беназир ҳузури ман дучанд гуворо мебошад. Мулоқоти қаблии мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санк-Петербург ҷараён гирифта буд, инак боз дар Душанбе, ки бародаршаҳри пойтахти шимолии Федератсияи Россия мебошад, ба дидори ҳам расидем. Ҳамаи мо, албатта ман ҳам, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки ин шаҳрро беҳуда дурдонаи водии Ҳисор нагуфтаанд. Бешубҳа, мо аз меҳмондӯстии самимӣ, чеҳраи кушод ва хушнудии ҷониби Тоҷикистон, ки дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва рафти сафари расмии мо нишон дод, ба ваҷд омадем. Аз он хушҳолам, ки сафари расмии мо ба ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон на як рӯз, балки чанд рӯз давом кард ва ин имконияти мусоид барои тамошои манзараҳои фараҳбахши Тоҷикистон ва сӯҳбатҳои воқеан самимию дӯстона фароҳам овард. Россия ва Тоҷикистон таърихан ҳамсояҳои неку шарикони боэътимод буданду хоҳанд монд.  Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд ва ман ҳам ин ақидаро сад дар сад тарафдорӣ мекунам. Халқҳои мо ҳақиқатан ҳам робитаҳои бисёрасраи эҳтирому дӯстӣ доранд. Ин муқаддасоти арзишманд аз насл ба насл тавассути озмоишҳои таърихии пурҳаяҷон то ба ин рӯз расидаанд.  Фазои самимияту ҳамдигарфаҳмӣ дар гуфтушунидҳои дуҷониба ва саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай куллан эҳсос мешуд. Ба андешаи ман, тадбирҳои муҳокимашуда ва қабулнамудаи мо дар рушди муносиботи дуҷониба нақши бузургу воқеӣ хоҳад гузошт. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳои нав ва дигар лоиҳаҳои энергетикӣ дар таҳкими иқтидорҳои иқтисодии Тоҷикистон таъсири дучанд хоҳанд гузошт. Ман лоиҳаи ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷи газ, коркарди уран ва дигар лоиҳаҳои бузургро, ки мо таҳким бахшиданием, дар назар дорам. Ҳамзамон идомаи ҳамдастӣ ва шарикӣ дар таъмини амнияти миллӣ низ хеле муҳим аст. Вазъияти ҷаҳон ҳамеша муракаб буд ва алҳол низ чунин боқӣ мемонад. Мо хуб дарк мекунем, ки ҳамкориҳои қавӣ, ҳамзамон дӯстонаю бобарор аз халқҳои мо вобастагии амиқ дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки лоиҳаҳои гуманитарӣ, ки барои гуфтугӯи тамадунҳои мо имкониятҳои нав фароҳам меорад, воқеан бо ҳам тавъаманд. Дар ҳамаи ин самтҳо мо дастовардҳои назаррас дорем ва нақшаҳои оянда низ умедбахшанд. Аз ҳама муҳим бошад дастгирии халқҳои мост, ки бо дарки баланд  ҳамкориҳои созандагӣ ва кадру манзалати муносибатҳои моро комилан эҳсос мекунанд. Ман боварии комил дорам, ки дӯстию боварии дуҷонибаи анъанавии Тоҷикистону Россия, ки аз қаъри асрҳо сарчашма гирифтааст, оянда низ натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳад овард.                   

Август 30, 2008 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид