ДАР ДУШАНБЕ АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН БА ОХИР РАСИД
Дар он намояндагони созмонҳои маъюбони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Роҳбари ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар анҷуман бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Эъломияи ҳуқуқи маъюбон қабул карда шуд. Зеро соли гузашта чунин анҷуман дар шаҳри Одессаи Украина бо иштироки ҷамъиятҳои маъюбони кишварҳои собиқи шӯравӣ баргузор гардид, ки ҳадафҳояш то имрӯз амалӣ нагаштаанд. «Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки аввалан тадбирҳои беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии маъюбонро дар 4-5 мамлакат амалӣ созем ва сипас тадриҷан онро вусъат бахшем», — идома дод роҳбари созмони маъюбони шаҳри Душанбе. Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 142 ҳазор маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 80 ҳазор нафари онҳо аъзои Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва 7 ҳазор нафар аъзои ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе мебошанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






