ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ АЗ ҚАРОРИ СҲШ ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД
Маскав, 29 август, (АМИТ «Ховар» — Синхуа).- Думаи давлатии Русия қарори Созмони ҳамкории Шанхайро дар бораи дастгирӣ намудани нақши Русия дар масъалаи беҳтар сохтани вазъияти Обхозистон ва Иристони Ҷанубӣ маъқул донист. Раиси Кумитаи масъалаҳои ИДМ – и Думаи давлатӣ Алексей Островский зикр намуд, ки мамлакатҳои аъзои СҲШ таҷовузи Гурҷистонро ба ин ҷумҳуриҳои кӯчак ва иқдоми онро дар бобати бо зӯрӣ ҳал кардани проблемаи Иристони Ҷанубӣ маҳкум накарда наметавонистанд. Мавқеи мамлакатҳои аъзои СҲШ қисми зиёди мамлакатҳои Аврупоро водор хоҳад кард, ки хоҳ — нохоҳ дурустии амалиёти Русия ва ҳақ будани онро эътироф кунанд. Муовини аввали раиси Кумитаи масъалаҳои байналхалқии Думаи давлатӣ Леонид Слутский низ бо нуқтаи назари А.Островский мувофиқат дорад. Вай зикр намуд, ки мавқеи CҲШ дар масъалаи Обхозистон ва Иристони Ҷанубӣ ба мамлакатҳои Ғарб як навъ огоҳӣ мебошад. Давлатҳои калонтарини ҷаҳон бояд нуқтаи назари ин созмонро ба инобат гиранд. Зеро ба он мамлакатҳои калонтарини шарқ шомиланд, гуфт Л.Слутский.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






