ЭЪЛОМИЯИ ДАР ДУШАНБЕ ҚАБУЛНАМУДАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд СҲШ ё Созмон) зимни мулоқоташон дар шаҳри Душанбе дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳо масъалаҳои байналхалқӣ ва вазъияти минтақаро муҳоқима карда, чунин изҳор менамоянд. 1.Дар асри ХХ1 вобастагии мутақобилаи давлатҳо якбора хеле афзуд, масъалаҳои амният ва рушд хусусияти ҷудонашаванда пайдо намуданд. Дар шароити имрӯза ягон проблемаи байналхалқиро бо роҳи зӯрӣ ҳал кардан мумкин нест, нақши омили истифодаи зӯрӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба таври воқеӣ коҳиш меёбад. Айни замон танҳо бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани ин ё он масъала натиҷаи дилхоҳ надода, ба бартараф сохтани муноқишаҳои минтақавӣ монеъ мешавад, ҳалли ҳамаҷонибаи проблемаҳои мавҷуда танҳо дар мавриди пурра ба инобат гирифтани манфиати ҳамаи тарафҳо, зимни ҷалб кардани онҳо ба ҷараёни гуфтушунид имконпазир аст. Яккаву танҳо гузоштани мамлакатҳо дар шароити имрӯза ба манфиати кор нест. Кӯшиши таъмини амнияти як давлат бар зарари амнияти мамлакатҳои дигар ба ҳифзи амнияти умумибашарӣ ва суботи вазъияти саросари ҷаҳон мусоидат намекунад. Иштирокчиёни мулоқоти Душанбе зарурати эҳтироми анъанаҳои таърихию фарҳангии ҳар мамлакат ва ҳар халқ, инчунин ҷидду ҷаҳди мувофиқи ҳуқуқи байналхалқӣ нигоҳ доштани ягонагии давлат ва якпорчагии қаламрави он, инчунин дастгирии муносибатҳои неки ҳамсоягии халқҳо ва рушди муштараки онҳоро таъкид менамоянд. 2.Ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти замони ҳозира, ки хусусияти умумибашарӣ доранд, танҳо дар асоси риояи ҳамаҷонибаи Оинномаи СММ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ бо роҳи муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди ҳамаи мамлакатҳо, бартараф сохтани тафаккури ҷангҷӯӣ, сиёсати ҷонибдории гурӯҳҳои алоҳида, якқутбӣ ва истифодаи имкониятҳои дипломатияи доманадор тадбирҳои самарабахш андешидан мумкин аст. Давлатҳои аъзои СҲШ чунин мешуморанд, ки дар шароити имрӯза амнияти байналхалқӣ бояд дар заминаи принсипҳои боварӣ ба ҳамдигар, ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ таъмин карда шавад. Бунёди низоми ҷаҳонии мубориза ба муқобили муҳофизат аз ҳуҷуми ракетаҳо ва дастгирии тавозуни стратегӣ ва ҷидду ҷаҳди мамлакатҳои ҷаҳон дар соҳаи назорати аслиҳа ва паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, таҳкими боварию эътимоди давлатҳо ва суботи вазъияти минтақа мусоидат намекунад. 3. Давлатҳои аъзои СҲШ вобаста ба шиддати вазъият дар масъалаи Иристони Ҷанубӣ изҳори ташвиши ҷиддӣ карда, тарафҳои дахлдорро даъват менамоянд, ки проблемаҳои мавҷударо бо роҳи гуфтушунид ва мусолиматомез бартараф сохта, барои созиш ва идомаю гуфтушунидҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд. Давлатҳои аъзои СҲШ шаш принсипи бартараф сохтани муноқишаро дар Иристони Ҷанубӣ маъқул мешуморанд, ки 12 августи соли 2008 дар Маскав пешниҳод карда шуд. Онҳо нақши фаъолонаи Русияро барои мусоидат, сулҳу созиш ва ҳамкорӣ дар минтақаи мазкур дастгирӣ менамоянд. 4. Давлатҳои аъзои СҲШ дипломатияи пешгирикунанда (превентивӣ) – ро ҳамчун воситаи муҳими ҳалли самарабахши проблемаҳо бо роҳи таъмини амният ва рушд, инчунин тақвияти нақши асосии СММ – ро дар бобати пешгирии бӯҳронҳо дастгирӣ мекунанд. Давлатҳои аъзои СҲШ изҳор менамоянд, ки асоси қонунии пешгирии муноқишаҳо нуктаҳои дахлдори Оинномаи СММ, қатъномаи Шӯрои амният ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ буда, дар ин бобат Шӯрои амнияти СММ нақши муайян мебозад, ки масъулияти асосии таъмини сулҳу амнияти байналхалқӣ ба зиммаи он гузошта шудааст. Давлатҳои аъзои СҲШ нақши рӯзафзуни созмонҳои минтақавиро дар соҳаи дипломатияи пешгирикунанда зикр карда, равнақу ривоҷи ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавиро мувофиқи боби 8-уми Оинномаи СММ ҷонибдорӣ менамоянд. 5.Давлатҳои аъзои Созмон тарафдори ҳамкории доманадори байналхалқӣ барои ҳалли проблемаҳои таъминоти эҳтиёҷоти инсоният бе расонидани зарар ба муҳити атроф, ба даст овардани ҳадафҳои рушди умумибашарӣ, аз ҷумла бартараф сохтани фарқияти калони технологии мамлакатҳо ва барҳам додани камбизоатӣ дар заминаи таъмини ҳамаи давлатҳо ба дастрасии баробари афзалиятҳои глобализатсия мебошанд. Дар шароити коҳиш ёфтани тараққиёти иқтисоди ҷаҳонӣ амалӣ сохтани сиёсати самарабахши пулию молиявӣ, назорати мубодилаи сармоя ва таъмини амнияти озуқаю энергетикӣ аҳамияти махсус пайдо менамояд. 6. Давлатҳои аъзои СҲШ аз таҳкими ҳамкории мутақобила дар мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ дар қаламрави Созмон изҳори қаноатмандӣ карда, ният доранд, ки ҳамкориро дар соҳаи таъмини амнияти давлатҳояшон бо истифода аз имкониятҳои Созмони минтақавии зиддитеррористии СҲШ бештар густариш диҳанд. Давлатҳои аъзои СҲШ зикр карданд, ки тарафдори афзун гардонидани нақши марказии ҳамоҳангсози СММ дар ташкили муборизаи байналхалқӣ ба муқобили таҳдидҳои террористӣ муттасил амалӣ сохтани стратегияи умумиҷаҳонии зиддитеррорстии СММ ва ҳарчи зудтар анҷом додани ҷараёни мувофиқа сохтани барномаи доманадорро дар бораи терроризми байналхалқӣ тасдиқ менамоянд.Давлатҳои аъзои СҲШ азми қавӣ доранд, ки ба кӯшишҳои таҷовузи ғоявии терроризм зарба зананд, онҳо ба ҳамкории ҳамаҷониба барои дар амал татбиқ намудани қатъномаи 1624 Шӯрои амнияти СММ ва рушди муколамаи байни миллатҳо ва байни фарҳангҳо тайёр мебошанд. Дар ин маврид такя ба имкониятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ аҳамияти калон дорад. 7. Сарони давлатҳо аҳамияти қабули қатъномаи 62/17 – ро дар бораи «Дастовардҳо дар соҳаи иттилоот ва алоқа дар заминаи амнияти байналхалқӣ » таъкид менамоянд, ки дар иҷлосияи 62- юми Ассамблеяи генералии СММ қабул гардидааст. Онҳо тайёранд, ки ба иҷрои тавсияҳои ин ҳуҷҷат якҷоя мусоидат кунанд. Сарони давлатҳо фаъолияти самарабахши муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқии байналмиллалӣ ва роҳу воситаҳои амалии ҳамкориро барои таъмини амнияти байналхалқии иттилоотӣ таъкид менамоянд. 1. Сарони давлатҳо равнақу ривоҷи ҳамкории СҲШ – ро бо Созмони Миллали Муттаҳид, инчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории иқтисодӣ ва Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором дар асоси меморандумҳои имзошудаи ҳусни тафоҳум ҷонибдорӣ мекунанд. 2. Сарони давлатҳо аҳамияти вусъати гуфтушуниди давлатҳои аъзои созмонро дар масъалаҳои истифодаи оқилонаю самарабахши захираҳои обу энергетика бо назардошти манфиатҳои тарафайн таъкид менамоянд. Муттаҳид сохтани кӯшишҳо барои ҳамкории самарабахш бо мақсади истифода бурдани технологияҳои саноатии энергетикӣ, аз ҷумла дар заминаи мубориза ба муқобили тағйир ёфтани иқлим дар саросари ҷаҳон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар робита ба муқаррар намудани муносибатҳои умумии давлатҳои аъзои СҲШ ба рафъи оқибатҳои зиёновари тағйироти иқлим ва истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ безарар диққати бештар дода мешаванд. 10. Давлатҳои аъзои СҲШ ҳуҷҷатҳои асосӣ ва меъёрҳои эътирофшударо дар соҳаи ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дастгирӣ намуда: 1. ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва ҳуқуқи миллатҳои хурд мувофиқи ӯҳдадориҳои байналхалқӣ ва қонунҳои миллӣ мусоидат мекунанд; 2. дар масъалаҳои амалӣ сохтани созишномаю қарордодҳои байналхалқии марбут ба ҳуқуқи инсон таҷриба иваз мекунанд; 3. паймонҳои мавҷударо дар доираи созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар соҳаи гуманитарӣ амалӣ месозанд; 4. маслиҳату машварат ва ҳамкориро дар СММ бахшида ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон тақвият мебахшанд. 5. ҳамкории СҲШ – ро бо созмонҳои дигари минтақавӣ ва иттиҳодияҳо дар масъалаҳои ҳамкории гуманитарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дастгирӣ менамоянд. 11. Давлатҳои аъзои СҲШ изҳор менамоянд, ки аҳамияти геополитикӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ торафт меафзояд.Рушди муттасили фаъолияти Созмон ба таҳкими суботи стратегӣ, дастгирии сулҳу амният, ба роҳ андохтани ҳамкории бисёрсоҳаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард. 12.Омилҳои берунӣ ва таҳдидҳо ба амният ваъзияти минтақаро мураккаб мегардонанд. Вазъияти имрӯзаи Афғонистон, торафт афзоиш ёфтани хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷинояти муташаккилонаи минтақавӣ зарурати мустаҳкам намудани ҳамкорӣ, аз ҷумла муқаррар намудани роҳу воситаҳои муштараки таҳлил, пешгирӣ ва вокунишро ба чунин таҳдидҳо ва зуҳурот ба миён мегузоранд. Сарони давлатҳо ҳаминро муҳим мешуморанд, ки Қувваҳои байналмиллалии мусоидат ба таъмини амният дар Афғонистон мувофиқи ваколатҳои Шӯрои амнияти СММ ба ҳалли масъалаҳои мубориза ба муқобили истеҳсол ва қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ҳамроҳи ҳукумати ин мамлакат, мамлакати ҳамсоя ва манфиатдор бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки ин вазифа зимни баррасии навбатии вазъияти Афғонистон дар Шӯрои амнияти СММ ба ваколатномаи Қувваҳои байналхалқии мусоидат ба таъмини амният дохил карда шаванд. Давлатҳои аъзои СҲШ кӯшишҳои муштаракашонро барои ба роҳ андохтани ҳамкории ҳамаҷониба бо мамлакатҳои дигари манфиатдор, созмонҳои байналхалқию минтақавӣ бо мақсади бунёди шабакаи доманадори ҳамкорӣ барои тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва паҳншавии маводи нашъадор идома хоҳанд дод. Онҳо зарурати густариши фаъолияти гурӯҳи тамоси СҲШ – Афғонисторо дар доираи афзун гардонидани кӯшишҳо дар самти Афғонистон таъкид намуда, пешниҳод мекунанд, ки таҳти сарпарастии СҲШ бахшида ба Афғонистон барои муҳокимаи масъалаҳои муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷинояти муташаккилона конфронси махсус гузаронида шавад. 13. Сарони давлатҳо чунин мешуморанд, ки дар Осиёи Марказӣ ташкил намудани минтақаҳои бе аслиҳаи ядроӣ дар роҳи амалӣ сохтани муоҳидаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ иқдоми муҳим мебошад. Онҳо дар робита ҳаминро ба инобат мегиранд, ки Аҳдномаи соли 2006 дар Семипалатинск қабулшуда ба таҳкими сулҳу суботи минтақа, мубориза ба муқобили терроризми ядроии байналхалқӣ мусоидат карда, имконияти ба дасти созмонҳои ғайриҳукуматӣ афтодани мавод ва технологияи ядроиро пешгирӣ хоҳад кард. 14. Созмони ҳамкории Шанхай ба гуфтушуниди амалию самарабахш бо ҳамаи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ тайёр мебошад, ки ҳадафу принсипҳои созмонро эътироф карда дар фаъолияти худ меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва Оинномаи СММ- ро риоя мекунанд. СҲШ бо назардошти ҳамин тайёр аст, ки имконияти ба роҳ мондани ҳамкориро бо созмонҳои дигари байналхалқӣ бо мақсади таъмини рушди муназзам, ҳамоҳанг ва бехатари минтақа ва то ҳадди имкон ба инобат гирифтани манфиати мамлакатҳои аъзои СҲШ баррасӣ намояд. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ш. Душанбе, 28 августи соли 2008.