ХИЗМАТРАСОНӢ ЯКХЕЛА НЕСТ

Август 26, 2008 15:53

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Дар муассисаҳои статсионарии ҷумҳурӣ 1351 нафар бошандагон фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 775 нафар мардон, 596 нафар занҳо ва 222 нафар кӯдакон мебошанд.         Бошандагони ин муассисаҳо бо сару либос, ҷои хоб, хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ таъмин карда шудаанд. Бо фармони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  «Дар бораи хароҷоти озуқаворӣ дар муассисаҳои статсионарии  Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират» меъёрҳои хароҷоти  якрӯза барои ҳар як бошанда тасдиқ карда шуд.          Тибқи фармони мазкур, дар як рӯз барои бошандагони калонсол  15,25 сомонӣ, барои кӯдакон  — 20,24 ва барои беморони рӯҳӣ 13,18 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо бошад барои  ҳар як истироҳаткунанда 12,33 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Август 26, 2008 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад