ХИЗМАТРАСОНӢ ЯКХЕЛА НЕСТ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар муассисаҳои статсионарии ҷумҳурӣ 1351 нафар бошандагон фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 775 нафар мардон, 596 нафар занҳо ва 222 нафар кӯдакон мебошанд. Бошандагони ин муассисаҳо бо сару либос, ҷои хоб, хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ таъмин карда шудаанд. Бо фармони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Дар бораи хароҷоти озуқаворӣ дар муассисаҳои статсионарии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират» меъёрҳои хароҷоти якрӯза барои ҳар як бошанда тасдиқ карда шуд. Тибқи фармони мазкур, дар як рӯз барои бошандагони калонсол 15,25 сомонӣ, барои кӯдакон — 20,24 ва барои беморони рӯҳӣ 13,18 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо бошад барои ҳар як истироҳаткунанда 12,33 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






