ИМЗОИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Дар Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Русия бо иштироки Президентҳои ҳар ду давлат ба охир расид. Дар фарҷоми гуфтушунид силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла, Изҳороти муштараки президентҳои Тоҷикистону Русия, созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дар ҷараёни ҳамкории ҳарбию техникӣ ба даст оварда ва истифода карда мешаванд», созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия «Дар бораи ташкил ва фаъолияти маркази байналхалқии илмии «Помир — Чақалтой», созишномаи вазоратҳои фарҳанги ҳар ду мамлакат «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг», созишномаи вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистону Русия «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзию саноатӣ» меморандуми ҳамкории вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Интер Рао ЕЭС» дар бораи ҳамкорӣ дар бобати сохтмон ва рушди иншоотҳои нави энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон» имзо шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






