ИЗҲОРОТ

Август 29, 2008 15:24

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Д.А.Медведев 29 августи соли 2008 бо боздиди расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо сарони ду давлат вазъ ва дурнамои инкишофи маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба робитаҳои Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо табодули назар намуданд. 1. Сарони давлатҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои муштараки мавҷуда, кӯшишҳои мутақобилаи тарафҳоро дар таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ, муттафиқӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳамаҷониба дар асоси принсипҳое, ки дар Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкориҳо ва кумаки мутақобилаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз таърихи 25 майи соли 1993, ҳамчунин дар Аҳднома дар бораи ҳамкориҳои иттифоқчигӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба асри XXI нигаронида шудааст, аз таърихи 16 апрели соли 1999, баён ёфтааст, таъйид менамоянд. 2. Президентҳо ба идома ва тавсеаи муколамаи миёни Тоҷикистону Россия дар сатҳи олӣ, табодули назари рӯшод роҷеъ ба масъалаҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Россия ва сиёсати ҷаҳонӣ, ҷустуҷӯи муштараки ҳалли масъалаҳои падидоянда аҳамияти зиёд медиҳанд. Такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқию шартномавии дуҷониба, ҳамчунин фаъолона инкишоф додани ҳамкориҳои муштараки амалӣ миёни ҳамаи муассисаҳои алоқаманди Тоҷикистону Россия зарур дониста шуд. 3. Ҷонибҳо афзоиши бемайлони табодули мутақобилаи молро, ки тайи солҳои ахир наздикии 50%-ро ташкил медиҳад, бо қаноатмандӣ таъкид намуда, ба тавсеаи минбаъдаи суръати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Россия аҳамияти принсипиалӣ медиҳанд. Рушди ҳамкориҳо дар бахши обу барқ аҳамияти бартаринок дорад. Роҳандозии лоиҳаи бузурги муштарак оид ба бунёди НОБ Сангтӯда-1, ки дар назар аст охири соли 2008 – оғози соли 2009 ба пуррагӣ мавриди истифода қарор гирад, рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Алоқамандиҳо дар татбиқи дигар лоиҳаҳои дар ин соҳа, аз ҷумла бунёди НОБ-и Роғун таъйид гардиданд. Ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчунин татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои гармидиҳию энергетикӣ, муштаракона сурат гирифтани корҳои иктишофии геологӣ, коркард ва ба истифода додани конҳои гази табиӣ дар Тоҷикистон бо иштироки ҶСК «Газпром» мусоидат менамояд. Ҷонибҳо аҳамияти мубрами рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои инноватсионӣ, ҳамчунин дар соҳаҳои анъанавии ҳамкориҳои дуҷониба – дар металлургияи кӯҳӣ, бахшҳои сохтмонӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсия, истеҳсоли маводи ғизоӣ ва коркарди дубораи маҳсулоти кишоварзӣ таъкид доштанд. Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия чун олати муассири ҳамкориҳои Ҷонибҳо дар рушду таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ нақши калидӣ дорад. Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими минбаъдаи нақши ҳамоҳангсози Комиссия дар татбиқи мувофиқатҳои ҳосилшуда, ҷустуҷӯи ҳалли беҳтарини масъалаҳои мавҷуда, иҷрои дақиқи ҳама маҷмӯи ӯҳдадориҳо доир ба аҳдномаву созишномаҳои имзошуда мӯътақиданд. Аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар сатҳи байниминтақавӣ, таҳкими заминаи устувори ҳуқуқию шартномавии алоқаҳо таъкид гардид. Аҳамияти хос ба мусоидати давлат ба раванди таъсиси корхонаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байниминтақавӣ, татбиқи чорабиниҳои дигари амалӣ дар соҳаи кооператсияи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ, роҳандозии алоқаҳо дар соҳаи бонкӣ зоҳир мегардад. Ҳамоишҳое, ки ҳар сол бо ташаббуси порлумонҳои ду кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – Россия: тавони ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор мегарданд, намунаи мусбии ин гуна ҳамкориҳо мебошанд. 4. Тоҷикистону Россия майл доранд, то минбаъд низ ҳамкориҳоро дар соҳаи низомӣ ва низомию техникӣ ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ таҳким бахшанд ва ҷиҳати боло бурдани самаранокии ҳамкориҳо дар ин самтҳо кор гиранд. Таъкид гардид, ки пойгоҳи 201-уми низомии Россия (ПНР) воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими таъмини амнияту суботи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Изҳори омодагӣ шуд, то тавассути кӯшишҳои муштарак минбаъд низ ПНР барои иҷрои самарабахши вазифаҳояш бо шароитҳои зарурӣ таъмин карда шавад. 5. Президентҳо ҷанбаи бартариноки ҳамкориҳоро дар соҳаи гуманитарӣ, рушди тамосҳо миёни созмонҳо ва шахсияҳои соҳаи фарҳангу ҳунар, пажуҳишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма таъкид менамоянд. Зарурати имзои ҳарчӣ зудтари Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси марказҳои фарҳангию иттилоотӣ ва шароити фаъолияти онҳо таъкид гардид. Ҷонибҳо омӯзиши забони русиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши забони тоҷикиро дар Федератсияи Россия ва омода кардани кадрҳои марбутаро барои таълим додани ин забонҳо дар муассисаҳои омӯзишӣ пуштибонӣ менамоянд. Идомаи ҳамкориҳои наздик дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштараки энергетикӣ, металлургӣ, истихроҷи маъданҳо ва дигар соҳаҳо иштирок мекунанд, мувофиқи мақсад дониста шуд. Ба ин мақсад ҷонибҳо баррасии масъалаи боз намудани бахшҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов, донишкадаи энергетикии Маскав ва донишкадаи давлатии кӯҳии Санкт-Петербургро идома медиҳанд. 6. Сарони давлатҳо, бо таъкид ба дидгоҳҳои мушобеҳ ва ё наздик дар мавриди масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳои созандаи дуҷониба дар сиёсати хориҷӣ, дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавии ҳамгиро – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва созмонҳои байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияти ҳамкориҳои Аврупо ба хотири таҳкими сулҳу субот ва амният ба тавофуқ расиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷонибдории худро ба ҳадаф ва принсипҳои Ойинномаи СММ таъйид менамоянд. Ҷонибҳо СММ-ро чун олати муҳими умумии посдори сулҳ ва амнияти байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эътироф намуда, аз афзоиши нақши он дар ҳаллу фасли низоъҳои минтақавӣ, ҷилавгирии таҳдиду ангезаҳои нав пуштибонӣ мекунанд. Ҷонибҳо гузаронидани ислоҳоти дурусти СММ-ро ба мақсади боло бурдани эътибору муассирии он, таҳкими тавони вокунишҳо ба таҳдиду ангезаҳои нав дар сурати побарҷо мондани ҷанбаи байниҳукуматии Созмон ва ҳосил шудани ризоияти фарогири ҳама давлатҳои узв ба ислоҳотҳое, ки гузаронида мешаванд, маъқул медонанд. Президентҳо дар робита ба таҳкими ИДМ табодули назар намуда, зарурати идомаи корҳоро дар мавриди такмили фаъолияти Иттиҳод дар асоси Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ барои татбиқи он, андешидани чораҳои муассир ҷиҳати инкишофи робитаҳои ҳамгироӣ ва кооператсионӣ дар чаҳорчӯби ИДМ таъкид менамоянд. Сарони давлатҳо кӯшишҳои фаъолонаи ҷонибҳоро дар робита ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ, ҳамкориҳои муштарки онҳо дар Шӯрои ҳамкориҳои гуманитарӣ ва Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ мусбӣ арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳо нақши калидии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро чун кафили таъмини амнияти давлатҳои узв ва аҳамияти такмили ҳамоҳангиҳоро дар чаҳорчӯби ин созмон таъйид менамоянд. Сарони давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё иброз намуданд. Алоқамандии ҳар ду давлат ҷиҳати боз ҳам фаъолтар кардани равандҳои ҳамгироӣ мутобиқи «Самтҳои авлавиятноки рушди Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё барои солҳои 2003-2006 ва солҳои минбаъда» таъйид гардид. Тоҷикистон ва Россия ба ҳамкориҳои муштарак дар чаҳорчӯби СҲШ, ки механизми амалкунандаи таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ ва мусоидатгари инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни давлатҳои узви СҲШ ба шумор меравад, аҳамияти махсус зоҳир менамоянд. Ҷонибҳо ба натиҷаҳои нишасти ахири Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 27-28 августи соли равон дар ш. Душанбе баргузор шуд, баҳои баланд доданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои муштараки рӯ ба афзоиш дар мавриди мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояти муташаккили фаромарзӣ ва аз ҷилавгирии таҳдиду ангезаҳои нави дигар изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Ба ин мақсад Ҷонибҳо чӣ дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ва чӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ҳамкориҳои муштараки наздик доранд. Муассисаҳои салоҳиятдори Тоҷикистону Россия ба хотири амнияти байналмилалӣ ва минтақавии ду кишвар ҳамкориҳои муштараки фаъол ва ҳамоҳангии корҳоро дар ин самтҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳосилшуда, идома медиҳанд. Президентҳо дар иртибот ба авзои мураккаби Афғонистон, таҳдидҳое, ки аз қаламрави он кишвар бармеоянд, аз ҷумла вуруди ғайриқонунии маводи мухаддир назарҳои мушобеҳи худро изҳор доштанд. Ҷонибҳо мӯътақиданд, ки барои барқарор намудани ҳаёти осоишта дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зарур аст, то кумакҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри барқарории баъдиҷангии ин кишвар сурат гиранд. 7. Сарони давлатҳо мӯътақиданд, ки марҳалаи кунунии рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар роҳи ҳамкориҳои муштараки муттафиқӣ, таҳкими муассири робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба хотири рушди ҳамаҷонибаи ҳар ду давлат, таъмини сулҳи пойдор, субот ва амният дар минтақа дурнамои хубе дорад. Президентҳо аз натиҷаҳои гуфтушунидҳое, ки дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва ризоият доир гардиданд, изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Мувофиқат шуд, то вохӯриҳои мунтазами дуҷониба дар сатҳи олӣ, ки чун омили муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои муттафиқона ва шарикии стратегӣ хидмат карда, ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мусоидат менамоянд ва боиси таҳкими ҳусни тафоҳум миёни халқҳои ду кишвар мегарданд, идома дода шавад. Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Россия Э. РАҲМОН /Д. МЕДВЕДЕВ ш. Душанбе, « 29 » августи соли 2008

Август 29, 2008 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд