МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО КИТОБҲОИ НАВИ ДАРСӢ
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин китобҳо дар матбааҳои маҳаллӣ чоп шудаанд. Ҷамъомадагон бо муаллифони китобҳо Сулаймон Анварӣ, Урватулло Тоҳиров, Шералӣ Шарифов, Нарзулло Қодиров, Мирзо Устоев ва дигарон мулоқот карданд. Муовини вазири маориф Ирина Каримова на танҳо мазмуну мундариҷаи хуби китобҳои дарсӣ, балки сифат ва ороиши онҳоро таъкид намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар мактабҳо дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва асбобҳои аёнӣ намерасанд. Бинобар ин, вазорати маориф муаллифонро ба ҳамкорат мекунад. Аз ҷумла, то ҳол маҷмӯаи санадҳои меъёрию қонунии таъминоти молиявии талабагон чоп нашудааст. Ҳол он ки роҳбарони мактабҳо корҳои асосии худро бояд мувофиқи ҳамин дастур ба роҳ андозанд. Муовини вазир хабар дод, ки қисми зиёди китобҳои дарсии чопшуда дар байни мактабҳо тақсим карда шудаанд. Талабагон китобҳои дарсиро ба мӯҳлати муайян истифода бурда, боз ба китобхонаи мактаб месупоранд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






