МАШҚИ НИЗОМИ ТИБҚӢ НАҚША ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД
Қисмҳои ҳарбие, ки дар давраҳои сеюму чоруми машқи муштарак иштирок мекунанд, айни ҳол дар минтақаҳои пешбинишуда, аз ҷумла, дар пойгоҳи низомии ба номи маршал Баграмян қарор доранд. Амалиёти қисмҳои ҳарбиро намояндагони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои аъзои созмон мушоҳида мекунанд. Муншии умумии СААД Николай Бордюжа ба хабарнигорон гуфт, ки хабарҳои баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи бекор кардани қарори гузаронидани машқи низомӣ ғайр аз иғвогарӣ чизи дигаре нест. Ҳадафи он кӯшиши навбатии ҷудоиандозӣ дар созмон мебошад. Н.Бордюжа зикр намуд, ки айни ҳол гурӯҳи кормандони Котиботи созмон дар шаҳри Ереван қарор доранд. Онҳо ҷараёни машқи низомиро мушоҳида карда, баъдан дар омода сохтани маҷлиси Шӯрои вазирони мудофиаи мамлакатҳои аъзои СААД саҳм мегузоранд. Маҷлиси мазкур 21 август дар Ереван баргузор мегардад, гуфт Н.Бордюжа.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






