МАШВАРАТИ ТЕХНИКИИ «ЗАРУБЕЖНЕФТЕГАЗ» ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). –Дар Душанбе машварати геологию техникии бахшида ба амалӣ сохтани Созишномаи принсипҳои асосии таҳқиқи геологии сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Машваратро Ҷамъияти саҳомии «Зарубежнефтегаз» — и Федератсияи Русия гузаронд. Иштирокчиёни машварат дар маросими шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавию техникӣ ва иқтисодии гузаронидани ҷустуҷӯӣ геологӣ дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд. Инчунин, дар машварат масъалаҳои афзун гардондани самараи таҳқиқоти геологӣ, беҳтар намудани ҷустуҷӯӣ нафту газ дар минтақаҳои душворгузари ҷумҳурӣ, таҷрибаи таъминоти илмии чоҳҳои чуқур, иҷрои тадбирҳои экологӣ дар соҳа ва ҷустуҷӯи нафту газ дар қисмати шимолии мамлакат муҳокима шуданд. Дар машварат роҳбарону мутахассисони Ҷамъиятҳои саҳомии «Газпром», «Зарубежнефтегаз», «Саратовнефтегеофизика», «ВолгоуралНИИгаз», «ВНИИгаз» ва ғайра ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҷамъияти саҳомии «Газпром» дар давоми 5 соли оянда дар мавзеъҳои Саргазон», Рангон, Сариқамиш ва қисмати ғарбии Шанбари корҳои таҳқиқотӣ мегузаронад








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






