МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО ИСЛОМ КАРИМОВ
Чунонки иттилоъ доред, нимаи дуюми рўз ҳамаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баҳри иштирок дар ҳамоиши навбатии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.Дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот намуд.Дар вохўрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуд. Сарони ду давлати ҳамсоя нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзо ва нозири он муҳим арзёбӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ҳасанаи байни Тоҷикистону Узбекистон таъкид намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримовро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






