МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД

Август 28, 2008 14:06

27 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯйи пурмӯҳтаво оид ба доираи васеи масоили ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат гирифт. Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби Чормағзак, роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯйи барқ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ зоҳир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мароқ зоҳир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Август 28, 2008 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст