4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И. Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соати 10:00 баргузор мегардад.
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор карда мешавад.
Нишастҳои матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мегарданд.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии хоҷагии ҷангал соати 16:00 доир мегардад.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор карда мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






