МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
27 августи соли 2008 дар Қасри Миллат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, ки барои он заминаи фарохи қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байнидоравӣ ва байни доираҳои соҳибкории ду кишвар муҳайё гаштааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Сарони ду давлат омодагии худро баҳри густариши ҳамҷонибаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати таъмини Тоҷикистон бо орду ғалла ва маҳсулоти нафтӣ таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.