МУОВИНИ ДИРЕКТОР БАРОИ ФУРӮХТАНИ ЗАМИН ДАСТГИР ГАРДИД
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон муовини директори ҷамъияти саҳомии «ХОНАСОЗ»-и шаҳри Сарбанд Юсуфҷон Раҳматовро бо ҷурми фурӯхтани замин ба шаҳрвандон дастгир намуданд. Тафтиш муайян намуд, ки номбурда моҳи феврали соли 2008 дидаю дониста бо роҳи фиреб аз истиқоматкунандагони шаҳри Сарбанд «Д» ном шахс 4800 доллари ИМА, аз «Р» ном шахс 3500 доллари ИМА ва «Т» ном шахс 700 доллари ИМА ва 100 сомонӣ барои ҷудо кардани қитъаҳои замини назди ҳавлӣ ришва гирифтааст. Бо ин кирдораш Ю. Раҳматов ба шаҳрвандон ба маблағи 9000 доллари ИМА ва 100 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Нисбати Раҳматов аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон тибқи моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






