НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар». Людмила Дубинина).- Имрӯз дар вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он муовини аввали вазири фарҳанг Миралӣ Достиев иштирок дошт. Вай изҳори боварӣ намуд, ки устодони санъати Чин имрӯз дар Кохи Ваҳдат ҳунари волои худро пешкаши тамошобинони тоҷик мегардонанд. Ҳунарпешагони чинӣ дар доираи рӯзҳои фаҳанги мамлакаташон дар ноҳияҳои Турсунзода ва Варзоб консертҳо намоиш медиҳанд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ асари нави нависандаи Чин Сунн Сзячжен пешкаши иштирокчиён гардонида шуд, ки ба забони тоҷикӣ нашр шудааст. Асари мазкур соли гузашта зимни рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ба чоп тайёр карда шуда буд. Тарҷумаи асар ба қалами роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Адбуғаффори Абдуҷаббор тааллуқ дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






