НИШАСТИ МАТБУОТИИ САРОНИ КИШВАРҲОИ ТОҶИКИСТОН, ЭРОН ВА АФҒОНИСТОН
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шоми 28 август дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор гардид. Пас аз анҷоми мулоқот сарони давлатҳои дӯст дар ҳузури хабарнигорони ватанию хориҷӣ натиҷаҳои мулоқоташонро шарҳ дода, иброз доштанд, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ин кишварҳо дар соҳаҳои гуногун сол то сол густариш меёбанд. Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар мулоқоти сеҷониба масоили ҳамлу нақл, энергетика, саноат, татбиқи барномаҳои муштараки сармоягузорӣ, бунёди роҳҳо, бахусус роҳи оҳан ва хати интиқоли барқ миёни кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ӯ тазаккур дод, ки баҳри татбиқи ин мақсадҳо ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ бояд ҳамкории ин кишварҳо мустаҳкам ва қавӣ гардонида шаванд. «Мо ҳамкориро дар соҳаи иқтисод самти асосӣ ва ҳамкории дарозмуддати ҳар се кишвар медонем ва татбиқи барномаҳои стратегиро дар ин самт дастгирӣ менамоем», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Маҳмуд Аҳмадижод изҳор кард, ки Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дорои тамаддун ва фарҳанги муштарак буда, имрӯз ҳам дар бисёр масъалаҳо мавқеи мувофиқ ва наздик доранд. Аз ин рӯ, мо бояд даст ба даст дар ҳалли мушкилоти ҳамдигар мусоидат кунем. «Мо сарони кишварҳои ҳамҷавор дар мулоқотамон тасмим гирифтем, ки ҷиҳати амалӣ сохтани барномаҳои муштараки бунёди роҳи оҳан миёни се кишвар, хати интиқоли нерӯи барқ ва об комиссияи махсус ташкил намоем, то роҷеъ ба ин масъала қарордоде омода созанд ва он аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба имзо расад», — идома дод Маҳмуди Аҳмадинажод. Президенти Эрон афзуд, ки се кишвари ҳамҷавор ҳамзамон дар масъалаҳои мушкилоти ҳамдигар ва минтақа дар якҷоягӣ ба ҳам кӯмак хоҳанд кард ва итминон дорам, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мо минбаъд низ густариш меёбанд. Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай иброз дошт, ки бо кӯмак ва дастгирии кишварҳои бародари Эрону Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тадриҷан амалӣ гашта, робитаҳои байни ин кишварҳо вусъати тоза пайдо мекунад. «Мо омода ҳастем, ки ақидаҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эронро ҷонибдорӣ намуда, баҳри густариш ва татбиқи онҳо, инчунин дар доираи санадҳои муҳими дуҷониба ва сеҷониба ҳамкориро бо ин кишварҳо мустаҳкам намоем», — гуфт Ҳомид Карзай дар фарҷоми нишасти матбуотӣ.








Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






