О.ОҚИЛОВ: «АЗ ҲАМКОРӢ БО ЧИН ҚАНОАТМАНДЕМ»
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — 27 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Раиси Бонки давлатии рушди Чин Чен Юан мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории бонкҳо ва ҷалби сармоягузорони чинӣ ба амалӣ сохтани баъзе барномаҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оқил Оқилов қайд кард: «Мо аз рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, бахусус дар самти татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ қаноатмандем. Имрӯз ширкатҳои чинӣ дар ҳудуди ҷумҳурии мо 3 иншооти калон, аз ҷумла туннелҳои «Шаҳристон» ва «Шаршар»-ро сохта, роҳи «Душанбе-Чаноқ»-ро таъмир мекунанд». Чен Юан гуфт, ки ҷониби Чин аз шароити мусоиди сармоягузории Тоҷикистон қаноатманд мебошад. Ӯ афзуд, ки Бонки давлатии рушди Чин соли ҷорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамкориро ба роҳ монда, ба воситаи ин бонк дар соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим сармоягузорӣ мекунад. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо бори дигар таъкид намуданд, ки дар доираи санадҳои байнидавлатӣ ҳамкориро вусъат бахшида, баҳри омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар дар бахши таҳкими сиёсати бонкӣ кушиш хоҳанд кард.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






