ОМОДАГӢ БА САНАҲОИ МУҲИМ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур 6 -7 август дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» ва мулоқоти олимону адибони тоҷик бо олимону адибони хориҷӣ, 8 август маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9-10 чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 1150-солагии Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент баргузор мегарданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар доираи чорабиниҳои мазкур меҳмонони хоричӣ Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Камолиддини Беҳзод, Осорхонаи таъриху бостон ва мардумшиносии Академияи илмҳо, намоишгоҳи рассомони тоҷик, асари саҳнавии Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ «Рӯдакӣ» ва мақбараи Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент тамошо хоҳанд кард.








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






