ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Душанбе,26 август.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ 30 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Файзобод озмуни ҷумҳуриявии мутахассисони соҳаи хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво баргузор мегардад. Барои баргузории ин озмун комиссияи ҷумҳуриявӣ дар ҳайати сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво С. Назаров ва сармутахассисони соҳа таъсис дода шуд. Мақсад аз баргузории озмун дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2008-2015 » ва баланд бардоштани савияи тахассусии мутахассисони соҳа мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






