ПОДПОЛКОВНИКҲОИ НАШЪАҶАЛЛОБ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУДАНД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Суди ҳарбии гар-низони Душанбе подполковникҳои собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Анвар Шоимардонов ва Файзулло Ҳалимовро мувофиқан ба мӯҳлати 19 ва 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо мувофиқи моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши ғайриқонунӣ бо пули хориҷӣ, қочоқ ва риоя накардани қоидаҳои хизмат дар минтақаи сарҳад гунаҳкор карда мешаванд. Инчунин, шарикони онҳо Зоирҷон Тӯраев, Амриддин Қирғизов, Исматулло Ортиқов, Парвиз Тошев, Иззатулло Аллаев ва Абдуҷаббор Маҳмадаминов ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 24 – 25 январи соли равон дар ҷараёни амалиёти махсус дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус дар минтақаи сарҳад гурӯҳи ҳаштнафараи қочоқчиёни маводи нашъадорро фош карда, безарар гардонд, ки ба он кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ шомил буданд. Ҳамон вақт аз қочоқчиён қариб 1,5 тонна маводи нашъадор, аз ҷумла, 73 килограм героин, 345 килограм афюн, 19 килограм хашиш ва 12,5 ҳазор доллари ИМА мусодира карда шуд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






