ПОРАХУРОН ДАСТГИР ШУДАНД
Дар ариза хабар дода мешавад, ки Ғафуров ва Дадоҷонов ҳангоми санҷиши фаъолияти ҶММ «Азим»-и шаҳри Истаравшан, дар асоси фармони прокурори вилояти Суғд оиди пурзӯр намудани назорати прокурорӣ аз болои иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», барои додани маълумоти дахлдор ва сертификати мутобиқат барои истеҳсоли хишт аз шаҳрванд «Д», ки роҳбари корхона буд, ба таври алоҳида 1400 сомонӣ ва 700 сомонӣ пора талаб намудаанд. Аз ин лиҳоз ӯ маҷбур гаштааст, ки бо аризаи шикоятӣ ба Агентӣ муроҷиат намояд. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки 25 июли соли 2008 Даврон Ғафуров баъди гирифтани пора ба маблағи 1400 сомонӣ дар маҳалаи «Пахтакор»-и шаҳри Хуҷанд ва Дадоҷонов Хайруллоҷон баъди гирифтани пора ба маблағи 500 сомонӣ аз шаҳрванд «Д» дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи шӯъбаи гигиенаи меҳнати Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии вилояти Суғд аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дастгир шуданд. Далелҳои шайъӣ аз қабили суҳбатҳои телефонӣ, сабтҳои видео ва аудио, инчунин маблағҳои нусхабардоришуда шаҳодати иқрори гуноҳи номбурдагон гардид. Айни ҳол Ғафуров ва Дадоҷонов тибқи моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтиши амволашон идома дорад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






