ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БУНЁДИ ФАЗОИ ВОҲИДИ ЭНЕРГЕТИКИРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). – Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 28 август зимни суханрониаш дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ зикр кард, ки Қазоқистон гузаронидани тадбирҳои байналхалқиро бо мақсади расонидани кӯмак ба Афғонистон дастгирӣ мекунад. Мо ташабуси Русияро дар бораи даъвати конфронси махсус бахшида ба Афғонистон ҷонибдорӣ мекунем, гуфт вай. Н. Назарбоев дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳои аъзои СҲШ сухан ронда, зикр намуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни мамлакатҳои аъзои созмон то соли 2020 ба 70 миллиард доллар мерасад. Барои ин ҳамкории иқтисодиро густариш додан зарур аст. Президенти Қазоқистон чунин мешуморад, ки мулоқотҳои иқтисодиро муттасил гузаронида, хазинаи рушд созмон додан зарур аст. Ҳадафи ин тадбир бо мақсадҳои муайян истифода бурдани захираҳои молиявӣ мебошад. Президенти Қазоқистон бунёди фазои воҳиди энергетикӣ ва системаи умумии транзитию нақлиётиро ҷонибдорӣ намуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






