РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз меёбанд. Тадбирҳои асосии он дар Кохи Ваҳдат гузаронида мешаванд. Имрӯз дар ин ҷо консерти калони ҳунарпешагони чинӣ барпо мегардад. Устодони санъати Чин инчунин дар ноҳияҳои Турсунзода ва Варзоб консерт медиҳанд. Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Чин дар Душанбе намоишгоҳи санъати тасвирии рассомони чинӣ ва намоишгоҳи асарҳои рассоми тоҷик Заур Дахте таҳти унвони «Чин аз диди суратгири тоҷик» ифтитоҳ карда мешаванд. Имрӯз дар вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо ҳайати фарҳангии Чин мулоқот баргузор мегардад. Баъдан вазирони фарҳанги Тоҷикистону Чин Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Динг Вен барои журналистон нишасти матбуотӣ барпо менамоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






