САФАРИ РАСМИИ ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ БА ТОҶИКИСТОН

Август 29, 2008 16:44

Имрўз боздиди Дмитрий Медведев аз шаҳри Душанбе дар чаҳорчўби барномаи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома ёфт.Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон бо маросими гулгузорӣ дар зери пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ оѓоз ёфт.Сарвари давлати Россия Дмитрий Медведев ба майдони «Дўстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт ва ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арҷгузорӣ намуд.Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои пуршукўҳи тантанавӣ бо иштироку ҳамроҳии ҷузъутомҳои Гордии ифтихории Тоҷикистон ва ҳунарнамоии оркестри низомии асбобҳои нафасӣ  ҷараён гирифт.Маросими истиқболи расмии  Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев дар назди бинои боҳашамати «Қасри Миллат» дар фазои тантанавӣ баргузор гашт.Ба ифтихори  ташрифи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Россия афрохта  шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд ва фармондеҳи  горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод.Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи  горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев     аз назди ҷузъҳои горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев    ҷониби Парчами давлатии кишвари мо эҳтиром ба ҷо овард.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев   бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд. Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.Расми гузашти низомии ҷузъу томҳои горди ифтихории Тоҷикистон маросими  истиқболи расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ҳусни анҷом бахшид.Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ  дар ҳамин бинои боҳашамат нахуст   мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев  баргузор гашт. Cарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу мазмуни муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Россия шарики табии стратегии Тоҷикистон аст ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаро бо он мо минбаъд низ дар ҳамин замина идома хоҳем дод.Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев Cарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо ташкил ва дар сатҳи хеле баланд гузарондани ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки давлати Россия чун шарики стратегӣ  ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, иштироки бештари ширкатҳои бузурги кишвараш дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва сохтмони иншооти гуногун манфиатдор аст.Маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.Изҳори боварӣ карда шуд, ки имсол ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот бояд аз 1 миллиард доллари амрикоӣ гузарад ва таъкид гардид, ки ин нишондод бо татбиқи бисёр барномаю лоиҳаҳои дигари калонҳаҷм дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди газ ва уран ва дигар корҳои муҳим бояд ба маротиб боло равад.Гуфтугўйи пурмўҳтаво ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ –техникӣ,  густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар самтҳо сурат гирифт, ки шарҳи муфассалу возеҳи ҳамаи он дар Баёнияи муштараки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия инъикос ёфтааст. Баъди анҷоми мулоқотҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев 6 санади нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:Зери Баёнияи муштараки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россияро сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев имзо гузоштанд.Ҳамчунин ба имзо расид:Созишнома оид ба ҳифзи мутақобилаи ҳуқуқ ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар рафти ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ-техникӣ истифода ва ба даст оварда мешаванд;Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой»;Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳо дар комплекси агросаноатӣ.Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Интер РАО ЕЭС»-и Федератсияи Россия ҷиҳати рушди лоиҳаҳои нави энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон.Сипас сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев барои доираи васеъи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароити будубош ва омодагии ҳарбии он  аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Август 29, 2008 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст