САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин намояндагони мамлакатҳои мушоҳид дар созмони мазкур ва меҳмонон – намояндагони Туркманистон ва Афғонистон имрӯз ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе меоянд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки пагоҳ, 28 август дар Душанбе маҷлиси ҳаштуми Шӯрои сарони давлатҳоим аъзои Созмони ҳамкории Шанхай кушода мешавад. Шоми 28 август сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Афғонистон Ҳамид Карзай мулоқот мекунад.