НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки дар пайравӣ ба сиёсати иҷтимоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгоронро аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз зиёд намояд. Чунин иттилоъ дод ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ба таъкиди ректори донишгоҳ, ин тасмим бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва ҷалби омӯзгорон гирифта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 низ бо мақсади ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим маоши устодону омӯзгорони донишгоҳ 10 фоиз зиёд шуда буд. Маҳз натиҷаи дастгирӣ ва қадр намудани омӯзгорону кормандони донишгоҳ буд, ки соли 2025 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар раддабандии муассисаҳои олӣ (Higher Education Ranking) – HEQAC байни 422 донишгоҳ аз 55 давлати ҷаҳон бо гирифтани 8136 хол ҷойи 8-умро сазовор гардид.
Донишгоҳ инчунин дар рейтинги Маркази индекси иқтибосҳои илмии Русия РИНЦ (Elibrary.ru) дар байни 69 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмию таҳқиқотии мамлакат бо 6597 мақолаи илмӣ зинаи дуюмро соҳиб шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






