САРВАРИ ДАВЛАТ БО ҲАМИД КАРЗАЙ МУЛОҚОТ НАМУД

Август 28, 2008 14:16

27 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили татбиқи санадҳои зиёди ҳамкории байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва тадбирҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ шуд. Лоиҳаҳои муштараки дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳою пулҳои оҳану мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, нерӯгоҳҳои обию ҳароратӣ ва ғайра дорои аҳамияти стратегӣ барои кулли минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ маънидод гардид. Таваҷҷӯҳи хос ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир гардид. Мусоҳибон ҳамчунин ба рушди ҳамкории минтақавии байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мароқ зоҳир намуданд. Муносибатҳои байни Тоҷикистону Афғонистон дорои дурнамои умедбахш барои мардумони ҳарду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Август 28, 2008 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст