ТАБРИКОТИ Э. РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Август 30, 2008 10:50

    Табрикоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба муносибати фаро расидани  моҳи шарифи Рамазон Ҳамватанони гиромӣ!  Моҳи мубораки Рамазон —  моҳи нузули раҳмату мағфират, файзу баракат ва иҷобати дуоҳо имсол 1-уми сентябр фаро мерасад.Ба ин муносибат ҳамаи шумо – сокинони шарифу сарбаланди мамлакатро сидқан табрику таҳният гуфта, дар ин моҳи муборак бароятон сабру таҳаммул, бурдборӣ ва саодат орзумандам. Рўзадорӣ дар моҳи шарифи Рамазон, дар радифи калимаи шаҳодат, намоз, закот ва ҳаҷ кардан рукни чаҳоруми аркони панҷгонаи бинои ислом буда, инсонро ба парҳезгорӣ, покӣ ва тақво, шикастани ҳавову ҳавас, ғалаба бар нафс, зудудани бадиҳо, эҳсоси шафқату бародарӣ талқин месозад. Аз ин рў, айёми мубораки моҳи Рамазонро, фурсати озмоиш ва сафобахшии нафси инсон гуфтаанд. Аз ҷониби дигар, парҳезгорӣ инсонро ба роҳи рост ва некиҳо ҳидоят карда, аз корҳои ношоиста ва ахлоқи разила бозмедорад. Ба ин васила парҳезгорӣ мояи саодати инсон буда, дар ниҳоди вай решаҳои одамият, дарки зебоӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ устувор мегарданд. Рамазон мактаби ҷавонмардӣ ва бахшиш, мавсими садақаву хайрот аст. Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсўзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон, бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар буд. Паёмбари ислом дар яке аз ҳадисҳои худ фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».Дар мавриди осонгирӣ ва гузашт дар муомилоти хариду фурўш низ гуфтааст: «Раҳмати Худо бар касе бод, ки ҳангоми харидуфурўш ва ҳангоми талаби ҳаққаш осонгир бошад». Ҳамчунин Расули акрам мегўяд: «Касе, ки фиребкорӣ мекунад, аз мо нест».Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мо зимни ёдоварӣ аз фармудаҳои Расули акрам, ба соҳибкорону тоҷирон  муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамоем, ки дасти хайру саховат боз кунанд, ба оилаҳои камбизоат, ятимон, пирону барҷомондагон хайру саховати худро арзонӣ доранд. Зеро Худои таъоло дар китоби Қуръони маҷид ба бандагонаш мефармояд, ки ҳар кӣ кори  некеро анҷом диҳад, дарҳои биҳишт ба рўи ў боз аст. Ба таъбири дигар онҳое, ки  амали нек анҷом медиҳанд, аз баракати Худованд бенасиб намемонанд.Бояд зикр кард, ки дар кишварҳои исломӣ дар моҳи шарифи Рамазон, амали анҷом додани кори хайрия ба таври назаррас вусъат ёфта, дар бозорҳо, дўкону мағозаҳо нархи маҳсулот поён мефурояд. Созмону муассисаҳои хайриявӣ фаъолияти худро густариш медиҳанд. Боиси таассуф аст, ки дар мамлакати мо акси ин ҳолат мушоҳида шуда, чандин сол аст, ки тамоюли болоравии арзиши озуқаворӣ дар моҳи шарифи Рамазон ҷараён дорад. Ҳар фарди мусулмон бояд вобаста ба ин масъала андеша кунад.Имсол оғози моҳи Рамазон бо саршавии соли нави хониш ва рўзи дониш дар як рўз, яъне якуми сентябр мувофиқ омад. Дар ин робита аз мақоми волои  илму таълим дар ислом ёдовар гардидан муносиб ва бамаврид аст. Ислом аз оғози пайдоиши худ ба касби илму дониш аҳамияти бузургро қоил буд. Талаб кардани илм барои ҳар як мусулмон фарз буда, аз гаҳвора то гўр ҷустуҷў намудани он воҷиб дониста шудааст. Бинобар ривояти таърих, фидяи озод намудани қурайшиёне, ки дар ҷанги Бадр ба дасти мусулмонон асир афтода буданд ва хондаву навишта метавонистанд, таълим додани даҳ писарбачаи Мадина муқаррар гашта буд.Дар ин ривоят ҳикмати бузург ниҳон аст, ки дар ҳама давру замон мардумро ба маърифатпарварию донишандўзӣ ҳидоят менамояд. Ҳамватанони азиз!  Фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар бори дигар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худои таоло бароятон хонаи обод, чеҳраи ҳамеша хандону шод, лабони пур аз табассум, ризқу рўзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ, имони комил ва илми боамал орзу дорам.Бошад, ки моҳи мубораки Рамазон айёми тоату ибодат, мактаби парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират, оромиву осоиш ва файзу баракат дар хонадони ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад! Ташаккур!

Август 30, 2008 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд