ТАЙЁРӢ БА МУЛОҚОТИ СЕЮМИ ЗИЁИЁНИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДКОРИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Август 20, 2008 16:36

Яке аз ташкилкунандагони он Вазорати маорифи Тоҷикистон мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» аз муовини вазири маориф Ирина Каримова хоҳиш кард, ки дар бораи тайёрӣ ба ин мулоқоти муҳим нақл кунад. И.Каримова зикр намуд, ки мулоқоти имсолаи зиёиёни илмию эҷодкори мамлакатҳои ИДМ идомаи мантиқии ду мулоқоти гузашта мебошад. Ҳадафи асосии он давом додани муколамаи халқҳо ва ҷамъиятҳо дар бораи мавзӯъҳои муҳимтарини соҳаи гуманитарӣ дар мамлакатҳои Иттиҳод аст. Барномаи мулоқотро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода ва тасдиқ намудааст. Дар мулоқот намояндагони созмонҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои ИДМ, аъзои раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ, намояндагони вазорату идораҳои Иттиҳод, мақомоти иҷроияи ИДМ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия, СҲШ, инчунин муншии умумии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ширкат хоҳанд кард. Дар ҷараёни мулоқот гузаронидани маҳфилҳои умумӣ, мавзӯӣ ва алоҳида бахшида ба проблемаҳои илму маориф, дастгирии насли наврас, ҳифзи осори фарҳангӣ, нашри адабиёт, пешрафти соҳаҳои театру кино, мусиқӣ, санъати тсирк, санъати тасвирӣ, меъморӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои мулоқот озмуни адабии шоирони ҷавони мамлакатҳои ИДМ ҷамъбаст карда, Низомнома дар бораи супурдани ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, фаъолияти гуманитарию ҷамъиятӣ, ташкили намоишгоҳҳо ва ғайра баррасӣ карда мешавад. Ҳамаи тадбирҳои банақшагирифташуда дар толорҳои беҳтарини пойтахти Тоҷикистон – Кохи Ваҳдат, Кохи Борбад ва Қасри нави ҷавонон баргузор хоҳанд гашт. Инчунин барои журналистон нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад. Дар фарҷоми мулоқот қатъномаи ниҳоӣ қабул карда хоҳад шуд. Интизор меравад, ки намояндагони зиёиёни мамлакатҳои ИДМ нақшаи тадбирҳои асосии ҷашни Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маъқул мешуморанд. Дар хотима маҳалли гузаронидани мулоқоти чоруми зиёиёни илмию эҷодкори мамлакатҳои ИДМ дар соли 2009 муҳокима карда хоҳад шуд.

Август 20, 2008 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад