ТОҶИКЕ, КИ ӮРО ТАМОМИ ДУНЁ МЕШИНОСАД

Август 18, 2008 17:19

Душанбе, 18 август (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Имрӯз зодрӯзи яке аз мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ, олим ва энсиклопедисти тоҷик Абӯалӣ ибни Синост. Воқеан ин инсони хирадмандро дар тамоми ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Асарҳои дар соҳаҳои мухталифи илм таълифкардаи Сино ба бисёр забонҳо тарҷимаву борҳо ба нашр расидаанд. Табибони олам ӯро устоди худ медонанд. 18 августи соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздики Бухоро, дар оилаи Абдуллоҳ, аз за-ни хуштолеъ Ситорабону писаре ба дунё меояд ва ӯро Ҳусайн ном мемонанд. Падараш, ки шахси фозил буд, аз хурдӣ фарзандонашро ба роҳи донишандӯзӣ ҳидоят мекард. Ис-теъдоду шавқу ҳаваси Ҳусайн аз замони кӯдакӣ наздикон ва устодонро ба ҳайрат оварда буд. Вай дар синни 10 солагӣ Қуръони маҷид ва як қатор илмҳои дигарро фаро гирифт. То 15 солагиаш аллакай аз илмҳои сарфу наҳв, мантиқ, табиатшиносӣ, ҳисоб, риёзиёт, ҳандаса, ҳайат, фалсафа ва илоҳиёт бохабар буд. Ба омӯзиши илми тиб аз синни 16 солагӣ шурӯъ карда, дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун табиби ҳозиқ ва донишманди ин соҳа низ шӯҳратёр гардид. Бо вуҷуди соҳиби илму дониши васеъ будан пайваста аз пайи омӯзиш буд ва оид ба бисёр соҳаҳо рисолаву асарҳои арзишманде таълиф кард ва то ба имрӯз аз мероси Сино фаровон истифода мебаранд. «Ал-маҷмӯъ», «Китоб-уш-шифо», «Наҷот», «Донишномаи Улоӣ», «Рисолаи кимиё», «Алқонун», «Рисолаи тилисми форсӣ», «Қасидаи нафс», «Зафарнома», «Мантиқи форсӣ» аз ҷӯмлаи асарҳои машҳури мутафаккири барҷаста Абуалӣ ибни Сино мебошад. Бо вуҷуди фарогирии тамоми илмҳои замонаш вай ташнаи илму дониш буд. Агарчӣ қариб ба тамоми дардҳо даво ёфт, вале дар гириф-тани пеши роҳи марги инсон ноилоҷ монд ва худ низ дар синни 57 солагӣ аз олам гузашт: Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал, Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал. Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял, Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал. Баъди гузашти 1028 сол ҳам имрӯз номи Абӯалӣ ибни Сино вирди забонҳост. Ба хотири гиромидошти ин олими инсондӯст ва хирадманди нотакрор, ҳар сол дар рӯзи мавлудаш, дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони тиб таҷлил мешавад. Дар ин рӯз бо ишти-роки олимон, мутахассисони соҳаи ҳифзи тандурустӣ, табибон ва дигар табақаҳои аҳли ҷомеа маҳфилу конфронсҳо ва ҷамъомадҳо доир мегардад. Аз ҷумла, имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони тиб ҷамъомади ботантана баргузор мешавад.

Август 18, 2008 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд