ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ТАРАФДОРИ ГУСТАРИШИ ФАЪОЛИЯТИ СҲШ МЕБОШАНД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баъди мулоқоташ бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао дар Душанбе зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Тоҷикистону Чин ҷонибдори бештар густариш ёфтани фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд. Мо вазъияти минтақаро муҳокима намуда, паймон кардем, ки мавқеъ ва муносибатҳоямонро роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини байналхалқӣ ва минтақавӣ мувофиқ ва ҳамоҳанг созем, гуфт Э.Раҳмон. Сардори давлати Тоҷикистон афзуд, ҳар ду ҷониб боварии комил доранд, ки мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар роҳи тақвияти нақши созмон иқдоми муҳим хоҳад гашт. Раиси давлати Чин Ху Сзинтао дар навбати худ изҳор кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба манфиатҳои умумии ҳар ду кишвар ва халқҳои онҳо ҷавоб дода, ба таҳкими сулҳу субот ва ободии мамлакатҳои минтақа мусоидат менамояд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Сзинтао паймон карданд, ки муносибатҳо ва ҳамкории мамлакатҳояшонро дар соҳаҳои гуногун бештар густариш диҳанд. Тибқи паймони бадастомада, ҳар ду кишвар муборизаро ба муқобили ҷиноят ва қочоқи маводи нашъадор тақвият хоҳанд бахшид. Ху Сзинтао дар фарҷоми мулоқот Президент Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷикро ба муносибати Иди истиқлолияти давлатии мамлакат табрик намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






