1 ОКТЯБР — РӮЗИ ОДАМОНИ СОЛХӮРДА

Сентябрь 22, 2008 11:49

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).-1 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи одамони солхӯрда таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ машварат баргузор гардид. Айни ҳол дар чор ноҳияи пойтахт бо кӯмаки Агентии «Каритас» — и Швейтсария марказҳои дастгирии одамони солхӯрда ташкил карда шудаанд. Дар ҷумҳурӣ ба бештар аз 1,5 фоизи нафақахӯрони аз 70 — сола калон кӯмаки тиббии бепул расонда мешавад. Дар машварат зикр карда шуд, ки ба одамони солхӯрда кормандони Агентии ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Маркази миллии дастёрони ихтиёрӣ кӯмак мерасонанд.

Сентябрь 22, 2008 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид