100 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА ТАЙЁР

Сентябрь 15, 2008 16:30

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Пахтакорони ҷумҳурӣ имсо, тибқи нақша бояд 552 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба марказҳои қабул то имрӯз 104 ҳазору 653 тонна пахта супорида шуд, ки 18,9 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. дирӯз дар ҷумҳурӣ 7255 тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз 89 ҳазору 17 тонна пахтаи маҳиннах ҷамъ оварданд. Дар ин ҷо дар як рӯз 5 ҳазору 370 тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Кишоварзони ноҳияҳои Қубодиён аз аввали мавсим 8924 тонна, Ёвон 8924 тонна, Бохтар 8220 тонна, Абдураҳмони Чомӣ 5956 тонна, Восеъ 7706 тонна пахта ҷамъ оварда, алҳол дар вилоят ва ҷумҳурӣ пешсаф мебошанд. Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз 7174 тонна пахта ҷамъ оварданд. Кишоварзони ноҳияҳои Конибодом ва Ашт дар сафи пеши чиниши пахта қарор доранд. Тибқи маълумоти фаврӣ оид ба ҷамъоварии пахта кишоварзони ноҳияҳои тобеи марказ то имрӯз 8462 тонна «тиллои сафед» ба даст оварданд. Ҷамъоварии пахта давом дорад.

Сентябрь 15, 2008 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид