ҚОЧОҚЧИИ ЧАРХҲОИ МОШИН БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани як амалиёти фаврӣ дар роҳи мошингарди Конибодом — Хуҷанд дар наздикии ҷамоати Қистақӯзи вилояти Суғд мошини боркаши «ЗИЛ-133» (рақами давлатиаш С56-19 02 РТ), ки онро ронанда Абдураҳмон Азимов идора мекард, боздошт намуданд. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар бордони мошин 148 адад чархи резинии мошинҳои гуногун мавҷуд будааст. Ҳамаи ин чархҳо бе ягон ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ба шаҳрванд Сафармад Ятимов тааллуқ дорад. Номбурда иқрор шуд, ки 148 адад чархи резинии мошинро аз шахси номаълум дар деҳаи наздисарҳадии Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон харида ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ба таври қочоқ ворид намудааст. Оид ба ин воқеа тибқи моддаи 198-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, тифтиш давом дорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






