ҚУРБИ ДОЛЛАР ПАСТ МЕШАВАД

Сентябрь 25, 2008 12:00

Вашингтон, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар» -Радиостанияи  Маяк).- Аз рӯи натиҷаҳои савдои музоядаи дирӯз дар  Амрико баргузоргардида  қурби доллар нисбати  евро  2,34 фоиз паст фуромад. Дирӯз ба ивази 1 евро 1 доллару  4823 сент  дода шуд. Ин дар давоми 7 соли охир арзиши пасттарини  доллари  амрикоӣ мебошад.            Бояд гуфт,ки  сармоягузорон  вобаста ба вазъи  ногувори иқтисодиёти ИМА  ва  нақшаи ҳукумати ин мамлакат дар бобати бартараф сохтани бӯҳрони фаъолияти бонкҳо изҳори ташвиш менамоянд. Тавре хабар дода шуд, дар ИМА дар давоми ду соли оянда барои  расонидани кӯмак ба бонкҳо аз  буҷети давлат қариб 700 миллиард доллар ҷудо карда мешавад. Ба ақидаи коршиносон, ин  сабаби  афзоиши  таворуми пул дар ИМА гардида метавонад.            Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи паст гардидани қурби доллар нархи нафти хом дар давоми ду шабонарӯзи охир  хеле баланд шуд.            Аз рӯи натиҷаҳои савдои музоядаи  22 сентябр баргузоргардида  нархи як баррел нафти хом дар биржаи  Лондон  ба 106,04 доллар ва дар биржаи  Ню -Йорк ба 120 ,92 доллар  баробар шуд. Ин нисбат ба савдои музоядаи  як ҳафта пеш баргузоргардида мувофиқан  6,43 фоиз ва  16,37 фоиз зиёд мебошад.

Сентябрь 25, 2008 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид