ҚУТОСПАРВАРОНИ БАДАХШОН

Сентябрь 2, 2008 14:54

            Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромади асосии хоҷагиҳои шахсӣ аз соҳаи қӯтоспарварӣ ба даст оварда мешавад. Асосан ноҳияҳое, ки соҳаи қӯтоспарварӣ машғулияти асосии аҳолии он ҷоро ташкил медиҳад, ин ноҳияи Мурғоб, ки зиёда аз 90 фоизи ҳайвони калони шохдор қутос мебошад, ноҳияи Ишкошиму Шуғнон, ки сеяки саршумори чорвои калони шохдори ноҳияҳои номбурда аз ҳисоби қутос аст , ташкил медиҳад. Тибқи тадқиқоти олимони зооветеринарӣ дар таркиби гӯшти қутос моддаи кимиёвии холестерин хеле кам аст. Нишондиҳандаҳои сифати биологии гӯшту шири қӯтос нисбат ба говҳои маҳаллию зотӣ ду — се маротиба баланд аст.

Сентябрь 2, 2008 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар