ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2008 ба сари кишоварзони ҷумҳурӣ мушкилоти овард. Аммо ин ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзро дар моҳи январ — августи соли ҷорӣ кам накард. Баръакс ҳаҷми он дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ 3595,0 миллион сомонӣ (бо нархҳои ҷорӣ) ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2007 — 7,9 фоиз зиёд мебошад. Аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 2602,7 млн. сомонӣ ё 8,9 фоиз, чорводорӣ 992,3 млн. сомонӣ ё ки 5,1 фоиз афзуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар ҳамаи сохторҳои 1998,9 млн. сомонӣ, вилояти Суғд 864,3 млн. сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 61,8 млн. сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 700,0 млн. сомониро ташкил дод, ки мутаносибан 6,8 ; 6,6%, 11,9 % , 12,5% зиёд аст.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






