ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ ДАР СОҲАИ СОХТМОН
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Муовини аввали Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов дирӯз бо менеҷери шӯъбаи тиҷорат ва маркетинги ширкати бинокории Туркия «Вопи — индустри» ва сармушовири тиҷорати сафорати Туркия дар Тоҷикистон Аҳмади Отакар мулоқот кард. Ҳадафи сафари намояндагони Туркия ба Тоҷикистон шиносоӣ бо вазъи соҳаи сохтмон дар мамлакати мо мебошад. Меҳмонон намояндагони Тоҷикистонро даъват карданд, ки моҳи октябри соли оянда дар намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сохтмон дар Туркия ширкат варзанд. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои бинокории бештар аз 25 мамлакат иштирок хоҳанд кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






