ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БА НЮ — ЙОРК РАФТ
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз ба Ню-Йорк рафт. Вай дар ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 63 — юми Маҷмаи Кулли Созмони Миллали Муттаҳид иштирок менамояд. Ҳамрохон Зарифӣ дар Ню — Йорк инчунин ба ҳалли масъалаҳои омодагӣ ба сафари Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико машғул хоҳад шуд, ки 23 сентябр ба Ню — Йорк меравад. Зимни сафари Ҳамрохон Зарифӣ ба ИМА мулоқотҳои ӯ бо муовинони Муншии умумии СММ Ад Мелкерт, Ҷонс Холмс, Шо Зуконг, вазири корҳои хориҷии Давлати Ҳошимии Урдун Салоҳиддин Башир, сафири Исроил дар Тоҷикистон Эхуд Гул ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд. Хабар дода мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25 сентябр дар иҷлосияи 63 — юми Маҷмаи Кулли СММ суханронӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






