ҲОЛАТИ ТАШВИШОВАРИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таъмини хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас меандешад, аммо нигаҳдории техникаи истифодашавандаи кишоварзӣ дар ҳолати ногувор қарор дорад. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор то 1 сентябри соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 16 ҳазору 611 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буд, ки аз онҳо 10 ҳазору 592 тонна ё (64 фоиз) дар ҳолати коршоямӣ қарор дошт. Омодасозии тракторҳо дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон (55 фоиз), ВМКБ (50 фоиз), ноҳияи Турсунзода (61 фоиз), Шаҳринав (56 фоиз), Ваҳдат (55 фоиз), Ҷиргатол (53 фоиз), Файзобод (43 фоиз) ва ноҳияи Варзоб (17 фоиз ) аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ кам мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






