ҲУНАРПЕШАГОНИ СИРКИ ТОҶИК БА ЭРОН МЕРАВАНД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Давлат Сафаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод ки гурӯҳи ҳунарпешагони сирк бо даъвати ҷониби Эрон ба ин мамлакат сафар хоҳанд кард. Онҳо дар давоми қариб ним сол асрори ҳунари худро ба ҳамкасбони эрониашон меомӯзанд. Директори сирк Ҷамолиддин Муҷиддинов 21 сентябр аз сафари Эрон баргашт. Вай дар Теҳрон бо шароити кору зиндагии ҳунарпешагони тоҷик шинос гардид. Ҷ.Муҷиддинов зикр кард, ки айни ҳол тармими бинои сирки Теҳрон давом дорад. Дар ин ҷо барои сирк ҳунармандони нав интихоб карда мешаванд. Роҳбарияти сирки Эрон қарор додаст, ки ҳунарпешагони касбии сиркҳои Украина ва Италияро барои расондани кӯмак ба ҳунармандони эронӣ даъват намояд. Ҳунарпешагони тоҷик аз ҷиҳати маҳорати касбӣ ба талаботи эрониён бештар ҷавоб дода метавонанд, гуфт Ҷ.Муҷиддинов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






