ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛАДОНА ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ғалла ба 389377 тонна расонида шудааст. Боиси тазаккур аст, ки соли ҷорӣ дар майдони 292480 гектар зироатҳои ғалладонагӣ кишт карда шудааст. То 15 сентябр масоҳати 226576 гектар даравида шуда, 215408 гектари он кӯфта шудааст, ки ин дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 1 ҳазору 710 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии заминҳо соли ҷорӣ беҳтар гардид. Аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 18,1 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 сентнерӣ зиёд аст. Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) нисбат ба соли гузашта 15759 тонна ғалла бештар ба даст оварданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






